БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи рӯзгори даҳҳазорсолаи тоҷикон мебошанд

ВОСЕЪ. Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик нигоҳ намоем, ба пеши назар ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд. На фақат овардаанд, балки нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, дар ҳунарҳои мардумӣ инъикос кардаанд.

Тибқи нақша-чорабиниҳо ин навбат дар ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви деҳаи Шурқишлоқ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Зимнан мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат иброз намуд, ки ба ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбу кори мардумӣ таваҷҷуҳ бояд кард, ки дар маҷмӯъ тамоми меъроси фарҳанги мардуми мо, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ, оинаи бозгӯяндаи рӯзгори тоҷикон аст. Боиси хушнудист, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Ин ташаббуси муҳими Пешвои миллат, аз як тараф иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар бошад, аз тарафи дигар барои ба ҷаҳониён бештару хубтар шиносонидани тоҷику Тоҷикистон сазовори ситоиш аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg