БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Душманони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд!

КУШОНИЁН. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Махсумобод ва Чакиҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариён намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт.

Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони Кумитаи иҷроия иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ Сатторова Мунаввара атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин иқрори яке аз роҳбарони собиқи гуруҳи наҳзатиён Аёмиддин Сатторов, ки парда аз рӯи хиёнаткорӣ ва қатлу куштори мардум аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо бардошт, суханронӣ намуд. Дар идомаи баррасии  ин масъала изҳор карданд, ки душманони миллати мо ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуб ва яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм метавонад барои решакан ва аз байн бурдани онҳо заминаи самарабахшу умда гузорад. Албатта, ин вазифаи на танҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Мардуми деҳа ба гуруҳи ҷиноятии наҳзитиён лаънат хонда, ҷонибдории худро аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg