БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ– ҳидоятгар ба фардои ободу дурахшони Ватан!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат  дар ташкилоти ибтидоии «Идораи Об» бо аъзову ҷонибдорони ҳизбӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, бештар огоҳ кардани сокинон аз хавфу хатарҳои  ҷаҳони муосир, риояи талаботи қонунҳои миллӣ   андешаронӣ намуда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона карда шудааст, ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg