БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон гирди ҳам омада ба бунёди пул камар бастанд

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и ҷамотаи деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бахшида ба 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии марзкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷафар, раиси ҷамоати деҳоти Ваҳдат Сармисоқова Хайринисо, занони фаъол ва мардуми деҳа иштирок доштанд.

Сараввал чорабиниро Ватанзода Саидҷаъфар оғоз намуда, зикр намуд, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои миллати тоҷик як ҳадяи бузург аст, ки тавассути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон аз нав бо рангу шакли тоза эҳё мегарданд.

Сипас, ҳамчун вакили деҳа Ватанзода Саидҷафар дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” иқдом гирифт, ки дар якҷоягӣ бо қувваи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” пули деҳа, ки солҳои дароз валангор асту рӯи таъмирро надидааст, аз нав таъмир намоянд, то ин ки ба рафтуои сокинон монеъа эҷод накунад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин чорабинии ҳизбӣ аз оилаҳои кабизоат тӯйи як ҷуфт арӯсиву домодӣ ва ду нафар хатнасури дӯстрӯякон баргузор гардид, ки сокинон аз иқдоми ватандӯстонаи ҳизбиёни шаҳр изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg