БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумиро дар сатҳи маҳал ривоҷ медиҳем!

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Рӯдакии  ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Нурафшон” ташкил ва баргузор гардид.

Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки ҷавонону занон дар бобати ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, изҳорӣ нигаронӣ намуда, мардумро барои муттаҳид будан, тарбияи дурӯсти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот  ва ғайра ҳидоят намуданд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд. Ҳамчунин сокинон кайд карданд, ки мо ҳунарҳои милли худро дар сатҳи маҳал ва хона ривоҷу равнақ медиҳем.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg