ПАНҶ. Дар толори маҷлисгоҳи Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардида, вобаста ба иқрори Аёмиддин Сатторов, ки роҳбари гуруҳи ҷиноятпешаи наҳзати исломӣ буд, суханронӣ карда шуд.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ қайд намуданд, ки душманони Тоҷикистон - аъзои гуруҳи зархаридони наҳзатӣ дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо охундҳои эронӣ барои ноором кардани вазъи кишварамон нангу номуси миллӣ, қадру қимати падару модарро пушти по зада, садҳо амали ваҳшиёнаро анҷом доданд.
Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ чунин кирдору амалҳои ноҷавонмардонаро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, ба дассисаҳои дурӯғини хоинони миллат дода нашуда, бар зидди душманони дохилӣ ва берунӣ муборизаи беамон мебаранд.