БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ ба зиндагии мардум файзу баракат овард

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии таблиғотии хизбӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯъи «Тарғиби ҳунархои мардумӣ ва эхёи тозаи онхо» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Ҷайхун Насим Сабурзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Ҷайхун Обидов Фарход ва бо иштироки фаъолонаи сокинони фарҳангдӯсту заҳматкаши маҳалла дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур чанд навъ ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд, ки ҷавонону фаъолони махали мазкур аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Зимнан Обидов Фарҳод барои ташкили чорабинии мазкур минатдории Кумитаи иҷроияи ноҳияро ба аҳли маҳал расонида, атрофи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон», «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Армуғони хатлонӣ» муфассал андешаронӣ намуд. Мавсуф дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун чунин чорабиниҳо баргузор гаша истодаанд.

Сипас Насим Сабурзода чунин қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлолият баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Чунки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳибитамаддун ва дорои фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg