БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

08 Август 2018

Халқ ба наҳзатиҳои лаънатӣ нафрат мехонад!

АНДЕША. Ҳизбиёни ноҳияи Фархор амали терористии аз ҷониби гурӯҳи мутташакили ҷиноӣ санаи 29 – июли соли равон дар ноҳияи Данғара содир шударо, ки боиси марги 4-нафар ва захмӣ шудани 2 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид, сахт маҳкум мекунад.

Ҳунарҳои мардумӣ нишонаи асолати баланди миллӣ ва баёнгари завқи баланди зебоипарастии тоҷикон мебошад

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кӯҳдоман  вобаста  самтҳои афзалиятноки фаъолити ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор  намуданд.          

Фарҳанг ҳастии миллат ва силоҳи маънавии давлат аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми  соли ҷорӣ аз тарафи кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи  Янгиободи ноҳия бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Тарғиби тарзи ҳаёти солим-вазифаи ҷонии ҳар як узви ҲХДТ

А.ҶОМӢ. Баҳри татбиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Мадади Сино»-и Маркази муолиҷавии зидди бемориҳои сил дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Тоҷики асил ҳеҷ гоҳ қотили меҳмон набуд ва амалеро иҷро накардааст, ки боиси нафрат гардад!

ЁВОН. Зери ҳамин шиор дар деҳаи Бӯстон 1-и ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара  Юсуфова бо иштироки занону ҷавонон ва фаъолони деҳаи мазкур бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.

Бори дигар шаҳрвандонро аз хавфу хатарҳои хоинону қотилон огоҳ карданд!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №5», хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Сокинони маҳал аз вохӯриву раҳнамоиҳои кормандони ҲХДТ хушнуд гардиданд

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Даҳанашоли ҷамоати деҳоти  ба номи Ғаффор Мирзо дар суҳбате, ки бо сокинони маҳалла дар асоси нақшаи корӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, ба мушоҳида расид,ки мардуми деҳот ба шунидани чунин суҳбат  дар мавзӯъи рӯз таваҷҷуҳ доранд.

Курси бозомӯзӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ манфиатовар арзёбӣ шуд

ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидов Илҳомҷон, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкило

Тоҷикистон дар роҳи рушди анъанаҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошта, мардумаш ба ҳиллаву найрангоҳи наҳзатиён дода намешавад

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  аз рафти намоиши ҳунарҳои мардум, ки дар ташкилоти ибтидоии навтаъсиси маҳаллаи №10 –и ҷамоати шаҳраки Фархор доир гардид, дидан намуданд.

Рафтори ваҳшиёнаи аъзои ТТЭ ҲНИ маҳкум карда шуд!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муасисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик ва роҳбари  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо кормандони  Кумитаи  заминсозии  ноҳия  доир гардид.

Хоинони миллат ба мақсадҳои ғаразноки худ ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид!

ПАНҶ. Хонишҳои сиёсӣ, ки таблиғкунандаи Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда,   бо ин васила донишини сиёсии ҳизбиёни  корхонаву муассисаҳои ноҳия баланд шуда, дар ин росто фаъолияти онҳо дар амали шудани ҳадафҳои  созанда ва бунёдкоронаи ҳизб бештар мешавад.

Мо фарзандони баномуси Ватан даст ба дасти ҳам дода, Тоҷикистони маҳбубро боз ҳам ободу зебо мекунем

НОРАК. Вобаста ба ҳамлаи ноҷавонмардонае, ки санаи 29 июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ҷониби  аъзои  ТТЭ ҲНИ анҷом дода шуд, дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ-2” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс вохӯрӣ доир карда шуд.

Фоҷиаи мудҳиши қотилон ба мардум бори дигар ҳушдор дод, ки оромӣ неъмати пурарзиш аст!

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо сокинон тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Суботу амният ва оромии ҷомеа василаи муҳимми пешрафту тараққиёт аст!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзии минтақа” вобаста ба ҳодисаи таррерористии дар ноҳияи Данғара рухдода ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамоем!

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи

Модарон ба наҳзатиёни террорист лаънат хонда, дуогӯи осудагии миллат ва оромии Ватан мебошанд

ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шоҳнома» дар деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар занону бонувон вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҷиҳати ҳифзи суботу оромии кишвар зиракии сиёсиро аз даст набояд дод!

ДӮСТӢ. Дар  Панҷшанбебозори ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо соҳибкорону савдогарон ва мизоҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҷаҳду талоши мо барои ояндаи дурахшону босаодати Тоҷикистон!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Чорсада 1-и  ҷамоати деҳоти Лолазор намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Шахсони маъюбу дармонда низ аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи буда ба онҳо диққати махсус бояд дод!

ВОСЕЪ. Бо мақсади дастгирии маъюбон, бо мақсади бештар гардидани бовариашон  ба тавонмандии худ ва раҳнамун сохтани онҳо баҳри рушди минбаъда бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила дар ташкилоти ибтидоии “Хона-интернати маъюбон”-и ноҳия бо табибони соҳаи мазкур хониши сиёсӣ доир гардид.

Амали ваҳшиёнаи хоинони миллат нобахшиданист!

ВАХШ. Гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар ноҳияи Вахш бо роҳбарии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Сафарали Камолов дар деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикобод пиромуни ҳодисаи рухдодаи нангине, ки аз тарафи аъзои ТЭТ ҲНИ дар шоҳроҳи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ рух дод, бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Наҳзатиёни хоин ба чоҳи кандаи худ афтоданд!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «АДСИН-нафақа» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сокинон дар якҷоягӣ рафтору кирдори қотилонро сахт маҳкум намуданд!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо кормандони  Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон оид ба муҳокимаи ҳодисаи даҳшатборе, ки дар ноҳияи Данғара рӯзи  29 июли соли  2018  рух дод, вохӯрӣ  баргузор гардид.

Ҳисси эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашариро дар замири насли наврас бедор кардан вазифаи волидон аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  барои нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи обу канализатсия” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистон равона месозем!

КӮЛОБ. Доир ба ҳодисаи мудҳише, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  ба миён омада ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зудамал” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg