БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ёрии тиббии таъҷилӣ » тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва андешаронӣ намуданд.
Нахуст, Ализода Одил мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба шаҳрвандон ҳарф зада, зикр намуд, ки тамокукашӣ истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, хӯроки пастсифат ва норасогии инкишофи ҷисмонӣ метавонад боиси пайдошавии бемориҳои сироятӣ гардад.
Дигар баромадкунандагон низ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳа андешаҳои хешро баён карда, 7 нафар кормандоне, ки нав дар ин сохтор ба кор қабул шудаанд, ба сафи ҲХДТ шомил гардида, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби билетҳои ҳизбӣ шуданд.