НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Ғофилободи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ чорабинии фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.
Зимни вохӯри Ғафурзода Фирдавс оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситонист изҳори назар намуд. Ҳамчунин қайд дошт, ки моро мебояд, ки баҳри иҷрои супопришҳо кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз имрӯза дида хубтару беҳтар намоем.