ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ, инчунин оғози соли нави хониш иқдомҳои неки ватандӯстонаи худро роҳандози намуд.
Ин навбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб дар анҷоми кори хайру савоб тасмим гирифт, як қатор хонандагони аз оилаҳои ниёзманди ҷомеаро бо сару либоси мактабӣ таъмин намуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави хониш, ҳамчунин таҷлили сазовори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксия ҳизбӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи мактаб”-ро доир намуда, 10 нафар хонандагонро бо либос ва лавозимоти хониш таъмин карданд.