БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мебошад

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯрӣ дар деҳаю маҳаллаҳо бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «А.Холиқов»-и ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Сараввал Нуралиева Мадина дар назди ҳозирин ба сухан баромада, иброз дошт, ки ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, дар воқеъ сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинии болозикр мутахассиси шуъбаи ташкилӣ  ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Даминов Илҳом иштирок намуда

қайд кард, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки яке аз иқдомҳои хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат  мебошад.

Дар охир масъулин аз намоиши ҳунарҳои бонувони чирадасти маҳаллаи мазкур, ки ба маъразаи тамошо гузошта буданд, дидан намуда, барои ривоҷу равнақ додани соҳаи басо муҳим маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg