Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Истиқлолияти неъмати бебаҳо ва пурарзиши миллат аст

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хизматрасонӣ»-и “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд.

Дар хониши сиёсӣ масъулин оид ба фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл ва тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа баромад карданд.

Инчунин, дар ин раванд моҳияти озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Мактиаб даргоҳи маърифат» баррасӣ карда шуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ҳифзи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки  Истиқлолияти давлати неъмати бебаҳо ва пурарзиши миллат мебошад,  раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg