ЛЕВАКАНТ. Дар толори Литсейи касбии саноатии кимиёвии шаҳри Левакант бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолият-ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик!т» баргузор гардид.
Дар мизи муддавр муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Одинаев Ҷумахон ва дигар шахсони давъатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти суханронии худ Назарова Фароғат иброз дошт, ки Истиқлолият беҳтарин неъмат аст, ки ба даст овардани он на ба ҳар миллату халқият сазовор мегардад. Танҳо он миллат сазовори иззату обрӯ ва шарафу номус шуда метавонад, ки барои ба даст овардани истиқлолият ҷаҳду талош, ҷоннисорӣ ва кӯшиш намояд ва тайи 27 сол мешавад, ки мардуми шарафманди тоҷик ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.
Дигар баромадкунандагон низ оид ба мафҳум ва дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якпорчагиву сулҳу суботи кишвар ҳар зада, аз ҷамъомадагон оид ба ҳифзи ин ганҷинаи бебаҳо, барои миллат арзишманду воломақом даъват ба амал оварданд.