БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ нишонаи фарҳангу асолати миллӣ мебошанд!

ЁВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Наврӯз-1» ташкил ва баргузор гардид. Ташкилоти ибтидоии «Наврӯз -1» дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳаи Наврӯз-1 ташкил гардида буд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба марази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg