БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикстандарт» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ализода Одил иштирок намуданд.

Нахуст, Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда қайд кард, ки мо ҳизбиёнро мебояд бо пеш бурдани фаъолияти идеологияи босамар маънавиёти ҷомеаро аз ҳама гуна хатарҳои беруна ҳимоя намоем. Дар ин роҳ шиори мо ҳидоятҳои самимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд «Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед! Шукронаи ана ҳамин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!». Бо татбиқи самтҳои мазкур аминем дар амали гардидани ҳадафҳои олии Оинномавӣ ва Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои Ваҳдати миллӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шостаи мардум равона гардидааст, бо такя ба нерӯи созандаи халқ муввафақ мегардем. Сипас, дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Тоҷикстандарт» Сайдализода Ҷурахон ба сухан баромада иброз дошт, ки дар роҳи татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ содиқона саҳм мегузорем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg