ВАХШ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия чорабинии ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидааст, вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок ва суханронӣ намуда, зикр кард, ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва афсонавӣ буда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи тараққиёт ва пешрафти кишвар мебошад ва ин аз манфиат холӣ нест, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.
Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ин иқдоми неки ояндасозро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, миннатдории хешро барои дастгирӣ ва аз нав эҳё кардани ҳунарҳои қадимаи миллӣ баён карданд.