БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум ба сарфаву сарриштакорӣ ва риояи қонунҳои миллӣ даъват карда шуд

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Момандиёни ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Мӯъминобод бо тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Момандиён Табаров Бобошо ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сарфаву сариштакорӣ дар рафти иду маъракаҳо тарғибу ташвиқ гардид.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg