БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш натанҳо қосиди сулҳ, балки пайвандгари наслҳои имрӯзу фардо мебошад!

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст, дар ташкилоти ибтидоии «Варзиш» хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароянда, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва омӯхтани касбу ҳунарҳо, эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Зоиров Сабзалӣ ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс баромадҳо карда шуд.

Инчунин, дар ин раванд масъулин атрофи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg