БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Деҳаи худро тозаву озода мегардонем!

КУШОНИЁН. Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" дар роҳи марказии шуъбаи 3- юми хоҷагии тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов бо иқдоми Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тозаю озода нигоҳ доштани деҳаю маҳалаҳо ҳашари умумӣ эълон шудааст.

Дар ҳашари  умумӣ, корҳои ободониву созандагӣ  ҳар ҳафта бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардида,  бо шукргузори аз фазои тинҷу ороми  кишвар дар  тоза кардани роҳу роҳравҳо, паҳлуҳои роҳҳои мошингард,  маҳалли зист аз алафҳои бегонаву  партовҳо саҳми  арзанда гузошта истодаанд.

Ташаббуси ватандӯстони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониёнро сокинон якдилона  дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз талош варзида истодаанд.
Якдилӣ, сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик боиси пешравӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg