БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолияти давлатӣ ва суботу оромии кишвар ба рушди фарҳанги миллӣ мусоидат намуд

КӮЛОБ. Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон доир карда шуд.

Ҳамоиш бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва намояндагони ҷамоати деҳоти Зиракӣ оғоз гардид.

Сокинон маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузошта, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон доштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён қайд гардид, ки ҳунармандон дар ин сол пеш аз ҳама ҳунарҳои дастии худро сайқал дода, шаҳрвандонро ба ҳунарҳои аҷдодӣ ҷалб месозанд. Аслан тоҷикон аз қадим эҷодкор, ҳунарманд, ободгар ҳастанд. Имрӯз ин хунарҳои моро оламиён эътироф намудаанд. Дар замони истиқлолият, даврони бозгашти миллатамон ба асли хеш ба ин ҷанба таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Сипас, сокинон низ баромад намуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бо мақсади ҷалби занону ҷавондухтарон, чунин чорабиниҳоро бештар доир менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg