БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксия ва озмунҳои ҳизбӣ дар рушди фарҳанги миллӣ мусоидат намуда истодаанд

ЁВОН. Дар воқеъ эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина эълон гардидани аксияву озмунҳои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳар як зан-модар ва бонуи тоҷику хатлониро водор намуд, ки зан-модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд ва ҳунарманд мемонад. Зеро мо фарҳангу асолати ҳазорсола дорем, ки маҳз тавассути фарзандони ҳунарманди хеш онро эҳё кардаем.

Бо ин мақсад дар деҳаи Саргаҳи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани Соли робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Саргаҳ» ташкил ва баргузор гардид.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба марази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg