БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оби поки мо баёнгари дасту дили поки мост!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун байни аъзои ташкилоти ибтидоии «ДЕУ-43» хониши сиёсии ҳизбӣ дар мавзӯъӣ «Об барои рушди устувор» бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София бо кормандони ташкилоти номбурда доир гардид.

Зимнан Хоҷаева София  дар суханронии хеш иброз намуд, ки барои миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик мояи ифтихору сарфарозист, ки ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегарданд, аз ҷониби СММ, созмонҳои бонуфӯзи дунё ва аҳли башар дар масъалаи ҳалли мушкилот ва норасоии об дар сайёра дасгирии комил меёбанд.

Хусусан ташаббуси чаҳоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз он иқдомҳое мебошад, ки шаъну эътибори давлату миллати тоҷикро дар миқёси ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.

Аз ин рӯ, месазад, ки мо сокинони ин давлати ташаббускор дар пайравӣ бо Пешвои миллат оид ба ин масъала камари ҳиммат баста, бикушем то дар тозагии об саҳмдор бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg