БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон фарҳанги баланди муносибат бо об ва расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро меомӯзанд!

ШАҲРИТУЗ. Ҷиҳати амалигардонии нақшаи кории намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»   дар ноҳияи  Шаҳритуз барои нимаи дуюми соли 2018  Аксия ҳизбӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар деҳаи Қумшоҳи ҷамоати деҳоти ба номи  Худойназар Холматови   ноҳияи Шаҳритуз, бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Абдуллоева Шоира баргузор гардид. 

Дар он ҷавонони касбу кори гуногун  ҷамъомада,  бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар  Аксияи ҳизбиро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ  баргузор намуданд.

Зимнан  Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ташаббуси некбинонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи оғози Даҳсолаи  байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», сарфакоронаву пок нигоҳ доштани ҳар қатра оби ошомиданӣ  андешаронӣ намуд.

Дар охир  ба иштирокдорон аз ҷониби масъулин  гӯшаи  таблиғотии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg