БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва муайян намудани вазифаҳои навбатӣ

ДАНҒАРА. Дар доираи натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳафтаинаи Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Данғара дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва татбиқи босифати бандҳои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, масъалагузориҳо нисбати фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоатҳои деҳот, маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад, мудирони шуъбаҳо, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кормандони масъули ҳизбӣ доир гардид.  

Дар маҷлис Каримов Пирмаҳмад оид ба  масъалаҳои иҷрои босифати бандҳои нақшаи корӣ ва пайваста гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар байни аҳолӣ ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи зиндагии мардум  тавсияҳои муфиди корӣ ба масъулони ҳизбӣ дод.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи хотирмон гузаронидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоатҳо чорабиниҳои гуногуни тарғиботию фарҳангӣ баргузор карда шуда, аз ҷараёни он гузориши хаттӣ бо замимаи маводҳои сабтӣ ба унвони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ирсол намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg