БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шинохти моҳияти анъанаҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносии миллӣ мусоидат менамояд

КӮЛОБ. Барои огоҳонидани ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон  аз  анъанаҳои миллати худ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мунтазам дар деҳаю маҳаллаҳо чорабиниҳои гуногуни рангину ҷолибро гузаронида истодааст.

Дар ин росто дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Кӯлоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Зимни чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ вобаста ба моҳияти эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфта, инчунин илова намуд, ки баргузории намоиши ҳунарҳои  мардумӣ  ба инкишофи ҳисси  худшиносӣ,  ватандориву  ифтихори миллӣ ва такмили маҳорати ҳунармандон мусоидат менамояд.

Сокинон низ гуфтанд, ки барои амалишавии иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg