БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Насли ояндасози миллат варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ медонанд!

ПАНҶ. Варзиш яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш мусоидат менамояд.

Варзиш гарави саломатӣ буда, аз тарафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Варзиш чун ҳамеша, дар заминаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёби шуда, мақсади асосии ин сиёсат тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва оммавӣ гардонидани он мебошад.

Бо ин мақсад бахшида, ба Рӯзи варзишгарон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо мактаби варзишии ноҳия ҷамъомади варзишгарони ноҳия дар майдончаи хурди футболбозӣ баргузор гардид.

Зинман раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия Файзиев Каримҷон дар баромадаш варзишгаронро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, зикр кард, ки соҳаи варзиш рӯз то рӯз дар кишвар рушду нумӯъ намуда истодааст. Сохта ба истифода додани варзишгоҳи марказии ноҳия ҳадяи беҳтарини Сарвари давлат барои варзишгарони ин гушаи диёри кишварамон мебошад.

Варзиш дар баробари ба кас солимию тандурустӣ бахшидан, инчунин омили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстримистӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон, ба ин муносибат бозиҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд, волейбол, гӯштини миллӣ ва вазнбардорӣ миёни варзишгарони навраси ноҳия баргузор гардид.

Дар охири чорабинӣ варзишгарони фаъол ва ғолибон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg