КӮЛОБ. Дирӯз бо ташаббуси аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Содиқов бо сокинон мулоқот анҷод дода шуд. Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул иштирок ва суханронӣ намуда, иброз намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ мо бояд дар зери сиёсати созандаи Сарвари давлат сарҷамъ шуда, бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ барои ободу зебо ва рушд кардани Ватани азизамон- Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар навбати худ сокинон низ баромад карда, ваъда доданд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.