ФАРХОР. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сиёсию маънавӣ ва огаҳ намудани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон», ки сокинони деҳаи Обошорони ҷамоати деҳоти Деҳқонариқро ба худ муттаҳид намудааст, хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.
Дар чорабинӣ дар назди ҷамъомадагон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти параду модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ намуд. Баъди анҷоми хониши сиёсӣ масъулин аз намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки ҳунармандони деҳаи Обшорон омода намуда буданд, дидан карданд ва ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд.