ДӮСТӢ. Дар кӯчаи ба номи Афғон Каримови ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа, ҳамзамон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абубакр Ҷалолов ва Умедҷон Холов иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии ҳизбӣ даъвати сокинон ба созиндагиву бунёдкорӣ ва ободии маҳал дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” буда, зимни суҳбатҳо мардум омодагии худро дар ин самт баён доштанд.
Дар фарҷом аъзои ташкилоти ибтидоии «Мужда» қайд намуданд, ки мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри рушду пешрафт ва суботу амнияти кишвар саҳмгузор мебошем.