БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

19 Декабр 2018

Паёми Пешвои миллат роҳнамо ба сӯи созандагиву бунёдкорист!

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ.  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Ҳизбиёни ноҳияи Кушониён дар татбиқи амалии Паёми Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштанд

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар самти тарғиб ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 корҳои муайянеро ба иҷро расонид.

Муъминобод ба марҳилаи нави рушд ворид гардид

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22.12.2017 ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳимми сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро

Ниёзе ба андешаҳои “озодандешон”-и бадандеш надорем

ВОКУНИШ. Ваҳдат - беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзӯву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯ ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мавқеву мақоми онро дар бисёр мамлакатҳои бурунмарзӣ дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Тоҷикистонро имрӯз мамолики дунё чун давлати ягона, соҳибистиқлол, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд.

Таҳдиди маводи нашъаовар ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АНДЕША. Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси таасуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри 21 боқӣ мемонад ва ба муътадилии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ

АНДЕША. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.

Тафаккури ифротгароии динӣ ва хатари он барои идеологияи миллӣ

АНДЕША. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минатқавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.

Рушди босуботи Тоҷикистон ва шароити геополитикии Осиёи Марказӣ: заминаҳо, таҳдидҳо ва дурнамо

АНДЕША. Ибтидои асри XXI бо ташкили ниҳоди нави муносибатҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ шуруъ шуд. Давлатҳои ҷавони соҳибихтиёр, ки баъд аз пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ ба вуҷуд омаданд, бо қадамҳои мустаҳкам ҳамчун субъекти геополитикӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  шомил гаштанд.  Дар масири ба Шарқ равона шудани қудрат ва нуфузи глобалӣ, тамоми акторҳои фаъоли байналмилалӣ кӯшиш менамоянд нуфузу иштироки худро дар Осиёи Марказӣ зиёд намоянд.

АОТ – анҷумани бемағзону ҷоҳилон

ВОКУНИШ. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст омад, вале нигоҳ доштану ҳифз намудани он барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гарон афтод. Зеро дар он рӯзҳо гуруҳҳои мухталифи бадандеш, манфуру ҷоҳил ҳузур доштанду пойдории кишварро наехостанд.

Террористону хоинон дар пушти ниқоби "озодандешон"-у "маҳбусони сиёсӣ"

ВОКУНИШ. Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Шумораи №21 (321) аз 14.11.2018

Наҳзатиёни манқурт ҳеҷ гоҳ озодандеш намешаванд!

ВОКУНИШ. Раванди давлатсозӣ бахусус дар шароити имрӯзаи бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки саропо аз бархурди манфиатҳо,  муборизаю талошҳо баҳри нигоҳ доштани истиқлолияти давлатию миллӣ  мебошад, аз ҳар шахси худогоҳу худшинос ва бахусус дорандаи нангу номус ва ғурури миллӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба имконияти дар ихтиёрдоштаи худ кореро барои миллату давлати хеш анҷом диҳад.

Истиқлолият неъмати бебаҳост ва расидан ба қадри он вазифаи мо шаҳрвандон аст

ЁВОН. Дирӯз   тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бинои Раёсати агентии шуғли аҳолии ноҳия  бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати агентии шуғли аҳолӣ»  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат: Табиб бояд дасту дили пок ва нияти беғараз дошта бошад

ШАҲРИРУЗ.  Дар Сохтори госпиталии ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Нақши худшиносии миллӣ дар ҷаҳони муосир

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба амалишавии ҷадвали хонишҳои сиёсӣ дар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар  ташкилоту муассисаҳо, корхонаву муассисаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дар

Пешрафту тараққиёти Ватан ва зиндагии пурсаодати мардум ҳадафи асосии ҲХДТ аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Бо ҲХДТ ба ояндаи неку дурахшон!

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо омӯзгорону кормандони хоҷагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор гардид.

Илм дар ҷое рушд мекунад, ки ба он арзиш қоиланд

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Шарафи ҷамоати деҳоти Дарқад мулоқот намуданд.

Сокинон пуштибони сиёсати созандаи Пешвои миллатанд!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -и ноҳияи Темурмалик  бо  омӯзгорону  кормандони муассисаи номбурда ва бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Китоби Одобномаи корманди ҳизбӣ – таҷассумгари арзишҳои ахлоқӣ, касбӣ ва сиёсии ҳизбиён гаштааст

ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии тухмипарварии ноҳияи Панҷ бо аъзо ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ оид ба баррасӣ намудани муҳтавои асосии китоби Одобномаи корманди ҳизбӣ баргузор гардид.

Рушди ҳунарҳои миллиро барои беҳтар гардидани зиндагии мардум тақвият медиҳем

КУШОНИЁН.Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Хушвахти  ҷамоати деҳоти Заргар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Тоҷикистон – кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғайрат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат яке аз самтҳои аафзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад

А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Азизов Собиров»-и кӯчаи ба номи Азизов Собири ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ атрофи Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳамдигарфаҳмӣ амали нек аст!

ЁВОН. Ҳамдигарфаҳмӣ амали нек аст, чунин унвон гирифта буд,  Конфронси илмию амалие, ки  бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД бо иштироки ҷавонони фаъолон, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Соҳаи тандурустӣ» баргузор гардид.

Ҳунарманд ҳарҷо бувад сарбаланд!

ВАХШ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Миробод»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

ҲХДТ –ҳизби роҳкушои халқ

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳиди Бобохон”-и ҷамоати деҳоти Тоҷикистон аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо сокинони деҳа доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ баргузор гардид.

Омӯзгор роҳнамои маънавии насл аст

Ҷ.БАЛХӢ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Навобод дар МТМУ №11-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Сокинони маҳал аз хатарҳои ҷаҳони муосир огоҳи доранд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «И.Сомониён»-и кӯчаи Сомониёни шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Бонувони мо эҳёкунандаи анъанаҳои миллӣ мебошанд

ЁВОН. Бо мақсади тақвият додани дастуру супориш ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намудааст, дар маҳаллаи Саъдии Шерозии ҷамоати шаҳраки Ёвон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Роғун кохи нури Тоҷикистон

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия бо омузгорон ва кормандони муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №34 бо иштироки Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯри гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg