БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди босуботи Тоҷикистон ва шароити геополитикии Осиёи Марказӣ: заминаҳо, таҳдидҳо ва дурнамо

АНДЕША. Ибтидои асри XXI бо ташкили ниҳоди нави муносибатҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ шуруъ шуд. Давлатҳои ҷавони соҳибихтиёр, ки баъд аз пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ ба вуҷуд омаданд, бо қадамҳои мустаҳкам ҳамчун субъекти геополитикӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  шомил гаштанд.  Дар масири ба Шарқ равона шудани қудрат ва нуфузи глобалӣ, тамоми акторҳои фаъоли байналмилалӣ кӯшиш менамоянд нуфузу иштироки худро дар Осиёи Марказӣ зиёд намоянд. Ин давлатҳо баҳри манфиатҳои худ кӯшиш мекунанд аз тамоми воситаҳо истифода баранд ва дар ин минтақа рақобати густариши манфиатҳо ба вуҷуд оваранд. Бинобар сабаби он, ки ин минтақа яке аз минтақаҳои аҳолиаш зиёд, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз  ҷиҳати сиёсӣ диққати давлатҳои абарқудратро ба худ ҷалб менамояд, гуфтан мумкин аст Осиёи Марказӣ ба як майдони васеи рақобат мубаддал гаштааст. Ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна таҳти шиори «Баҳори араб», инчунин ҷанги шаҳрвандӣ дар Украина ба вуқӯъ пайвастанд, нишон доданд, ки дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ абарқудратҳо ба мақсади ба даст овардани манфиатҳои хеш ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии худ бо кишварҳои аз ҷиҳати геполитикӣ объекти манфиатанд, чӣ тавр муносибат менамоянд. Солҳои охир шоҳиди он шудем, ки барои тарҳи нави харитаи сиёсӣ аз чӣ гуна найрангҳои сиёсиву иқтисодӣ ва бозиҳои бунёдан тарҳрезишуда истифода мешавад. Масалан Хитой дар минтақаи Осиёи Марказӣ, кӯшишу талошҳои зиёд дорад, ки таъсири иқтисодии худро гузошта, аз тариқи он ҳадафҳои геостратегӣ ва геополитикии худро дар ин минтақа амалӣ созад. Ҳамзамон Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳинд ва Покистон низ ба саҳнаи театри бозиҳои сиёсӣ ворид гашта, бо тадриҷ аз ҳадафҳои худ пуштибонӣ мекунанд, зеро моҳияти геостратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик барои иштироки ин кишварҳо дар истифодаи захираҳои табиӣ ва сохтмони роҳҳои трансконтиненталӣ, инчунин набардҳои сиёсӣ хеле калон аст, ки мисоли равшани он лоиҳаи «Роҳи абрешими бузург» маҳсуб мегардад. Дар Осиёи Марказӣ акторҳои асосӣ – Россия, Хитой, Амрико бошанд ҳам давлатҳои дигар ба монанди Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҷопон, Ҳинд ва Покистон низ иштироки худро дар ин минтақа фаъол менамоянд. Вазъи геополитикиро дар давраи муосир, тадриҷан қувват гирифтани давлатҳои ҷавони Осиёи Марказӣ, оғози экспорти сармояҳои гуногун ба хориҷ ва баландшавии мақоми сиёсӣ дар минтақа муайян месозад. Давлатҳои нави Осиёи Марказӣ аллакай нақшаҳои геостратегии худро бо назардошти раванди ташаккули давлатдории миллӣ дар тӯли даҳсолаи оянда аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ муайян кардаанд, ки чунин рушди давлатдории миллӣ  ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар ниҳоди муносибатҳои геополитикӣ Осиёи Марказӣ бо сармояи энергетикии бои худ мақоми хосро ишғол менамояд, ки барои сиёсати ҷаҳонӣ қувваи геостратегии бузург мебошад.

Мо имрӯз ба ғайр аз он роҳҳое, ки дар таърихи давлатсозӣ маълум, роҳҳои дигареро бояд ҷустуҷӯ намоем, ки замон тақозо мекунад. Тоҷикистон барои баромадан аз бӯҳрон сиёсати бисёрқутбаро амалӣ менамояд. Дар ин масир корҳое хеле зиёдеро анҷом додааст. Пӯшида нест, ки дар замони бозиҳои муташанниҷи гуногунраванду берун аз ҳама гуна назарияҳои давлату ҳуқуқ бояд ҳар як давлати хурди рӯ ба рушд аз тамоми имконот истифода бурда, роҳи хоси худро вобаста ба манфиатҳои миллию давлатии худ интихоб намояд. Ба ин таҳдидҳои зерини минтақавие, ки барои давлатҳои Осиёи Марказӣ аз он ҷумла ба Тоҷикистон вуҷуд дорад, водор месозад:

- радикализм ва экстремизми сиёсии динӣ;

- набудани бахши истеҳсолӣ, хушбахтона дар Тоҷикистон тадриҷан ин раванд рушд ёфта истодааст;

- баҳсҳои ҳудудӣ;

- тақсими захираҳои об;

-мавҷуд будани анклавҳои миллӣ дар кишварҳои ҳамсоя;

- ривоҷи қочоқи маводи мухаддир;

- муҳоҷирати номунтазам;
- норасогии бозори дохилӣ;

- хатари паҳншавии вазъи Афғонистон ба давлатҳои ҳамсоя;

- қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда;

- терроризми иттилоотӣ;

- бархӯрди тамаддунҳо;

- гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ.

Дар ин замина ташкил шудани ШОС ҳамчун зерниҳоди нави муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳайати Тоҷикистон, Россия, Хитой, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон ва нозирии Афғонистон, Эрон, Монголия, Белоруссия барои таъмину таҳкими ин дастовардҳо ва суботу амнияти минтақаи Осиё  равона шудааст.

Имрӯз дар назди давлатҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои гуногуни рушд кушода шудааст. Аз ҷумла:

- ба минтақаи пушида мубаддал гаштан, ки ин барои Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи он мухолифат мекунад;

- дар якҷоягӣ бо Россия шакли нави интегратсионӣ дар заминаи сохторҳои ИДМ, ЕврАзЭ, ОДКБ. Ин ҳам дар айни замон омӯзиши ҷиддиро барои нигоҳ доштани амнияту комилҳуқуқии сиёсиву иқтисодиро талаб менамояд;

- Осиёи Марказӣ ба минтақаи муғул ҳамроҳ мешавад, ки асосан нуфузи Хитойро зиёд менамояд, ки ин хатари табдил додани давлатҳои Осиёи Марказӣ ба истеъмолкунандагони маҳсулоти чинӣ аз ҳисоби маҳсулоти хоми худ мебошад;

- Осиёи Марказӣ метавонад қисми Шарқи Наздики Бузург шавад, ки ин шакл манфиати Амрикоро дар бар мегирад, ки хатари аз байн рафтани давлатҳои имрӯза ва тақсим кардани онҳо ба давлатҳои хурдро дорад.

Дар чунин шароит Тоҷикистон низ мавқеи худро мустаҳкам намудааст ва барои таъмини амният ва сиёсати пешгирифта чораҳои зиёд андешида мешавад.  Барои боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистон дар минтақа бояд мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва коррупсия қавӣ гардонида шуда, ба масъалаҳои муҳаё намудани ҷойҳои корӣ, тезонидани истиқлолияти энергетикӣ, баланд бардоштани сифати индустриализатсиякунонии кишвар диққати зиёдтар додан лозим. Масъалаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки бо амнияти Тоҷикистон алоқаманд мебошад. 

Тоҷикистон сиёсати бисёрқутбаро пеш гирифта аст, ки дар айни замон ба фикри ман комилан дуруст мебошад. Дар шароити ташаккул ва рушди истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди баланд бардоштани ҳувияти миллӣ шурӯъ шуд. Дар рафти рушди сиёсии кишвар мушкилоти зиёде мавҷуд аст, ки бояд дар робита ба воқеияти мо ҳал карда шаванд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, тамоми кӯшиши худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона менамояд. Ин тақозои замони муосир аст, ки манфиатҳои миллӣ сиёсати тамоми давлатҳоро муайян месозад ва Тоҷикистон сарфи назар аз он мушкилот- қафомондагии иқтисодӣ, аграрӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, буҳрони ҷаҳонӣ дар ин самт қадамҳои мустаҳкам ниҳода истода аст.

Ҳамин тариқ, новобаста аз нақшаҳои геостратегии зиёди баъзе давлатҳои абарқудрат Тоҷикистон бояд омодагии зиёд дошта бошад, зеро дар шароити ба вуҷуд омадаи ҷаҳонӣ тағйиротҳои зиёдеро бояд интизор шуд. Дар ин раванд Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат бояд ба ин дигаргуниҳо омода бошад.  Тоҷикистон бо Пешвои миллат ҷойгоҳи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бе ҳар гуна яроқу аслиҳа, бе эҳдои ёриҳои фаровони башарӣ, бе сарфи миллионҳо доллар дар самти таблиғоти расонаӣ, бе содироти технологияи гуногун баланд мебардорад. Тоҷикистон имрӯз дар масири демократӣ ва ҳуқуқбунёдӣ бо сулҳоварию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созандаи глобалӣ, мавқеи босуботи сиёсӣ ва равобити неки байналмилалӣ муаррифӣ шудааст.

Ба ВАО лозим аст сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро мавриди дастгирӣ қарор дода, тамоми пешравиҳои кишварамонро дар рушди сиёсати байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ин аст, ки нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол ба сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои густариши равобит бо мо эълом медоранд. Тоҷикистон бо баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

Насиба СОДИҚОВА,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз маводи Конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg