АНДЕША. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа ва дар ин миён наҷот бахшидани кишвар аз оқибатҳои нангбору мусибатовари ин зуҳуроти номатлуб лозим донистем мавзӯи марзкурро то ҷое таҳлилу баррасӣ намоем.
Нахуст ба шарҳи вожаи “Экстремизм” мепардозем. “Экстремизм” аз калимаи франсузии “ехtrеmismе” ва лотинии “eхtrеmus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремизм ин оғози ногузири терроризм аст.
Истилоҳи “Терроризм” (аз калимаи лотинии “tеrrоr”) сарчашма гирифта, маъноаш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Терроризму экстримизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд.
Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.
Тибқи баъзе маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Дар ин рӯйхат гурӯҳҳои террористие чун “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср , “Лашкари Тайиба”-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи 24”, “ Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” шомиланд.
Гузаштаи таърихӣ ва ҳодисаву воқеаҳои дар ҷаҳони муосир рӯйдода аз он бозгӯ мекунанд, ки экстремизму терроризм бештар аз ҳама дар бахши дин, махсусан бо иштироки “намояндагон”-и дини ислом дучор меоянд.
Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба назари донишмандону таҳлилгарон, азбаски дин (новобаста аз шаклу хусусият) яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд.
Динҳои дигар, ки таърихи тулонитар доранд ва аҳли онҳо пеш аз ислом чунин бадбахтиҳоро аз сар гузаронидаанд, ба ин гуна фитнаҳо қариб, ки дода намешаванд. Аммо пайравони дини ислом бо ҳассосияти худ фарқ мекунанд.
Аллакай механизми сӯистифодаи дин аз тарафи экстремистону террористон маълум аст: як гурӯҳ ҷангҷӯёнро бо пардохти маблағҳои калон гирд меоранд ва беибо тамоми амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсониро зери кадом шиори диние, ки хоҳанд амалӣ мекунанд ва пушти ақидаҳои динӣ ҷиноятҳои содиркардаашонро пинҳон дошта, ҳамаи инро аз “қонуни шариат” мегӯянд.
Аммо бубинед, ки зимни амалигардии ин “қонуни шариат”, яъне амалҳои террористӣ дар як соли охир наздики 70 000 сокини осоишта кушта шудаанд, ки беш аз 10 000 нафари онро кӯдакон ташкил медиҳанд ва 99%-и онҳо мусалмонанд. Фақат дар кишвари Сурия ва танҳо дар моҳи октябри соли 2017 435 нафар сокини осоишта аз дасти террористон кушта шудааст, ки аз ин 145 нафарашро кӯдакон ва 85 нафари дигарро занон ташкил медиҳанд.
Аксарияти кулли амалҳои террористиро имрӯзҳо аз номи ислом ва бо номи ислом амалӣ карда истодаанд. Ҳатто солҳои охир бо ном давлати исломие дар Ироқу Сурия сохта буданд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, хоса мусалмононро ваҳшатзада кард. Ҳамаи кор аз куҷо оғоз ёфт? Аз он ҷо, ки давлатҳои абарқудрат хостанд дар Ироқу Сурия “демократия” ҷорӣ кунанд ва ҳатто нерӯҳои ҳарбии худро низ бо ин “мақсади демократикунонӣ” сафарбар карда буданд. Натиҷаи чунин “демократиясозӣ” харобу валангор шудани ин кишварҳо гардида, захираҳои зеризаминиашон ғорат карда шуд ва рушди иқтисодиёти давлатҳои замоне сарватманд садсолаҳо қафо монд.
Мутаассифона, экстремизм ва терроризм ба яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва чун амиқтар таҳлил кунем, ин мушкилро ҷомеаи ҷаҳонӣ худ эҷод кардааст. Маҳз стандартҳои дугонаву духурагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ин боис гардидаанд.
Бо тасдиқи ин воқеият ба боварӣ метавон гуфт, ки сиёсати манфиатҷӯёнаи абарқудратҳо ба хотири тақвияти манфиатҳои худ ин пеш аз ҳама ба заиф сохтани идеологияи рақибонашон равона шудааст. Дар хотир бояд дошт, ки эшон барои даст ёфтан ба манофеи худ аз ягон усул рӯ намегардонанд. Ҳатто баъзе аз доираҳои манфиатдор кӯшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо, то андозае, ки афкори умум бардошт дорад, либоси мусбӣ пӯшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд. Масалан, дар сиёсати байналмиллалӣ ибораҳое пайдо шудаанд ба монанди “гурӯҳҳои мусаллаҳи муътадил”, “мухолифони муътадил” ва ғайра. Агар ин омил идома кунад, он рӯз дур нест, ки нерӯҳои манфиатхоҳ пайи амалӣ намудани ғаразҳои геополитикии худ дар сиёсатҳои бузург ибораи “террористони муътадил”-ро ҳам расмӣ кунанд.
Чизи дигаре, ки дар технологияи ташкили инқилобҳои ранга маъмул шудааст, ин ба симои террористону ифротгароён ва паҳнкунандагони ақидаҳои ифротӣ бо назардошти манфиатҳои геополитикӣ пӯшонидани ниқобҳое аз қабилӣ “Гурӯҳи озодихоҳ”, “Пешвои дин”, “Сиёсатмадори маъруф”, “Коршиносӣ мустақил” ва ғайра мебошад, ки мақсад аз он нишон додани пуштибонии доираҳои муайяни сиёсӣ аз амалу рафтори онҳо бо мақсади дилгарм карданашон аст.
Санаи 22.12.2017 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин вазъ чунин гуфта шуд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризму экстремизм агар аз як тараф дар бархурди манфиатҳои абарқудратҳо бошад, аз ҷониби дигар дар осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ нуҳуфтааст. Дар ин росто метавон аз чунин омилҳо ном бурд:
- Надоштани донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва ҷаҳонбинии фарогир. Ин омил боис мегардад ки ҷавонон ба осонӣ ба доми чунин ифротиён афтода ба механизми иҷрои дастурҳои онҳо табдил ёбанд;
- Бетарафии аҳли ҷомеа нисбати зуҳури аввалин нишонаҳои ифротӣ шудани ҷавонон. Баъзан падару модарон ҳатто дар ибтидо хурсандӣ мекунанд, ки фарзандонамон дар дин “сахт” шудааст, аммо баъдан шикоят мекунанд, ки фарзандон ба шакли намозхониамон эрод мегиранд, беҳурмативу нописандӣ мекунанд, кофирамон мегӯянд ва билохира об дар дидаҳояшон мегӯянд, ки фарзандашон дар Сурия ва ё Ироқ кушта шуда, ному нишоне аз ӯ боқӣ намондааст ва ё ин падару модари пиронсол намедонанд бо кӯдакони ятиммондаву ҳамсари кӯчагишудаи чунин фарзанд чи кор кунанд. Чунин аст охири силсилаи дар дин “сахт” шудани фарзандон, ки дар пайи таблиғоти беруна ба вуҷуд омадааст ва волидон дар тарбияаш бетарафӣ карданд;
- Боварии зиёд нисбати овозаву хурофот ва мусоидат кардан ба таблиғотӣ ифротиён. Масалан, паҳн кардани шабномаҳо бо усули он ки агар ин паёмро ба 10 нафари дигар фиристӣ хушбахт мешавиву нафиристӣ бадбахт. Яъне то ин дараҷа мардумро гумроҳу фирефта кардаанд. Мебояд ба мардум фаҳмонем, ки инҳо варақаҳои сарнавишт нестанд, ки моро хушбахту бадбахт кунанд ва бовар кардан ба чунин хурофот ин худ ширк ба қудрати офаридгор аст. Мисоли дигари соддалавҳӣ ва ё зудбоварии мо ҳамон як овозаи заминҷунбии шаби 10.01.2009 аст, ки агар аз як тараф чандин занону кӯдакон дар кӯчаҳо бемор шуданд, соҳибони воситаҳои нақлиёт маблағи пасандозҳои худро пурра бензин харида то рӯз дар роҳҳо гирд гаштанд, баъзе одамони беморро афсурдагияшон дучанд шуд ва ҳамагӣ худро ба сарсониву саргардонӣ ва ранҷу азоби рӯҳиву ҷисмонӣ афканданд, аз дигар ҷиҳат ин таҷриба осебпазир будани мафкураи моро ба намоиш гузошт.
- Гурез аз мушкилиҳои зиндагӣ. Мутаассифона, бисёре аз ҷавонон ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ, аз ҷумла баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва мушкилиҳои рӯзмарраро дар гурехтан аз проблемаҳои бавуҷудомада мебинанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин гурӯҳҳо майл пайдо мекунанд. Хусусияти мазкурро дар илм “танбалии андеша” ва дар забони халқ сабукфикрӣ мегӯянд. Ҳол он ки ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ин ё он мушкилот осонтар аз гурехтану ба бадбахтиҳои аз ин ҳам вазнинтар гирифтор кардани худ аст.
- Ҳавову ҳавас. Маълум аст, ки яке аз ҷанбаҳои ҳавасмандсозӣ ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ин ваъдаи пулу сарват ва тафреҳу саргармист. Ҳатто ҷавононро ба он фирефта ҳам мекарданд, ки гурӯҳи занони “ҷиҳодӣ”-е ҷалб шуда, вазифаашон ҳамхобагӣ бо онҳост. Ё худ мисоли дигар, ҷавоне бо номи Парвиз нӯшокие ба номи “Red Bull”-ро бисёр дӯст медоштааст, вале барои мунтазам харидани он пули кофӣ надоштааст. Ба ӯ ваъда додаанд, ки дар ин ҷо ҳамеша ба чунин нӯшокӣ таъмин ҳастӣ. Ин ҷавони 27-сола ба Сурия рафта, баъди чанд моҳ ҳалок шуд ва қурбони нафсаш гашт.
Ин ва дигар омилҳои шабеҳ аз усулҳое ҳастанд, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намуда, ба механизми қатлу куштор ва даҳшатафканӣ табдил медиҳанд.
Вазифаи ҳизбиён ва аҳли ҷомеа дар ин самт аз он иборат аст:
- Баланд сохтани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хатарҳои терроризму экстремизм;
- Огоҳ сохтани сокинон аз пайдоиш ва ташаккули гурӯҳҳои нави террористию экстремистӣ дар ҷаҳон, бахусус дар кишвари ҳамсояи Афғонистон;
- Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ;
- Талқини ҷавонон ҷиҳати аз худ кардани донишҳои муосир;
- Ба корҳои муфиду созанда, ки дар ҳаёту рӯзгори худу атрофиён паёмадҳои нек меорад, рӯ овардан;
- Истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ;
Омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кӯмак ба дармондагон, анҷоми корҳои ободонӣ аз тариқи ҳашар (боиси пайдоиши ҳисси дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мегардад), одоби меҳмоншавиву меҳмондорӣ ва ғайра.
Бознашр аз китоби "Каъбаи умеди мо халқ асту бас!"