БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бонувони мо эҳёкунандаи анъанаҳои миллӣ мебошанд

ЁВОН. Бо мақсади тақвият додани дастуру супориш ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон намудааст, дар маҳаллаи Саъдии Шерозии ҷамоати шаҳраки Ёвон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия М.Собитова ва муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон Н.Ашӯрова роҷеъ бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саҳм доштан дар ободонию созандагии маҳал, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми шавҳар ва калонсол, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ғайра суҳбатҳои муфид намуданд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg