БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон – кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғайрат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.

Нахуст, дар мулоқот Валиева Саъбагул  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва котиби ташкилоти ибтидоии “Ғайрат” Фарҳод Мадаминов иштирок ва баромад намуданд.

Дар баромади худ масъулон қайд карданд, ки ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ зиёд аст. Ташаббусҳое, ки аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, марбут ба об, вобаста ба тағйирёбии иқлим, оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошанд, ки аз ин лиҳоз Тоҷикистонро дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Аз тарафи ҳозирин дар охир таъкид гардид, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ зарур аст, ки ҳамеша барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии кишвар саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg