БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои миллиро барои беҳтар гардидани зиндагии мардум тақвият медиҳем

КУШОНИЁН.Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Хушвахти  ҷамоати деҳоти Заргар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва дигрон иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” андешаронӣ намуданд.

Сокинони ватандӯсти деҳа дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдӯзӣ ва гулдӯзиву попурӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумиро бо шаклу услуби хоса ба маърази тамошо гузоштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg