Ҷ.БАЛХӢ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Навобод дар МТМУ №11-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгири аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону духтарон андешаронӣ карда, зикр намуд, ки либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодонамон ёдгор мондааст ва дар тӯли қарнҳо шаклашро дигаргун намуда бошад ҳам, шинамию зебандагиашро гум накардааст. Шахсан барои ман либоси миллӣ меъроси арзишмандест аз гузаштагонамон.
Мо, тоҷикон, мардуми бодавлатем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меъросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ояндагон ба меърос супорем.
Дар анҷоми вохӯри ба 12-нафар кормандони муассиса шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд.