БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон пуштибони сиёсати созандаи Пешвои миллатанд!

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 -и ноҳияи Темурмалик  бо  омӯзгорону  кормандони муассисаи номбурда ва бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин  доир  ба   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хизматҳои беназири Раиси Муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ватансозиву ватандӯстӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ азбемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин ҳисоб паст кардани шиддати бекориву   камбизоатӣ андешаронӣ намуданд.

Дар охири Раҷабзода Маҳмадсаид ва омӯзгорону кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ карда, афзуданд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору  фаъолият карда, дар ободии Ватан саҳми  худро мегузорем.

                                                                                                                                                                                                                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg