БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳдиди маводи нашъаовар ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АНДЕША. Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси таасуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри 21 боқӣ мемонад ва ба муътадилии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорон ҷавонон ҷони худро бохтаанд.

Дар кишвари мо то нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истифодаи он чандон нигаронкунанда набуд. Зеро дар Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7-10 килограмм маводи нашъаовари навъи бангдона мусодира мешуд ва шумораи нашъамандони ба қайди диспансерӣ гирифташуда ҳамагӣ 936 нафарро ташкил медоданд. Вале пас аз суқути Иттиҳоди Шуравӣ дар кишвари мо низоъҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ оғоз шуданд ва ниҳоят боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд. Гурӯҳҳои ҷинояткор бо истифода аз вазъи ноороми он солҳо ва суст гардидани низоми ҳифзи Сарҳади давлатӣ роҳҳои пинҳонии интиқоли қочоқи маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистонро, ки яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ба Тоҷикистон аз худ намуданд.

Аз ҳамон давра дар Тоҷикистон сатҳи  ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир рӯ ба афзоиш ниҳод ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомии мамлакат бори аввал соли 1993 38 килограмм афюн ва соли 1996 6 килограмм героини истеҳсоли Афғонистонро мусодира намуданд.

Баробари афзоиши ҳаҷми қочоқи мухаддирот Ҳукумати Тоҷикистон бо эҳсоси масъулият дар назди халқи кишвар ва тамоми башарият ба татбиқи чорабиниҳои маҷмӯӣ ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шурӯъ намуд. Аз ҷумла, соли 1994 дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ воҳидҳои мустақил ва махсус дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ташкил карда шуд.

Дар ин ҷода Тоҷикистон солҳои 1995-1996 ба як қатор Конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз қабили Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор соли 1961, Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ соли 1971, Конвенсияи дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти  ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ соли 1988 ҳамроҳ гардид.

12 апрели соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» ба тасвиб расонида шуд, ки асоси муборизаи мақсаднокро  бо мухаддирот гузошт. Худи ҳамон сол бо қарори Ҳукумати ҶТ Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар таъсис ёфт ва Барномаи давлатии чорабиниҳои асосӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ барои солҳои 1996-1998 тасдиқ карда шуд.

Ҳадафи асосии  ин  Барномаи давлатӣ ташкили муборизаи мақсаднок бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, табобату офиятбахшии нашъамандон, инчунин таҳкими иқтидор ва тавсеаи минбаъдаи фаъолияти зиддимухаддиротии мақомоти ваколатдори давлатӣ буд.

27 апрели соли 1999 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба назорати маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Котиби Генералии СММ П. Арлакки Протокол дар бораи таъсис додани Агентӣ бо дастгирии молиявии СММ ба имзо расид.

12 майи соли 1999 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии миллии “Чораҳои маҷмуӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд барои солҳои 1999-2000” қабул карда шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 1999 мақоми ҳифзи ҳуқуқи нав-Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таъсис дода шуд, ки он барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, инчунин ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ ваколатдор гардид.

Ҳамзамон бо ин барои фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ шуда, бо асноди байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Заминаҳои ҳуқуқии мубориза ва назорати муомилоти маводи мухаддир, инчунин пешгирии нашъамандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда  шуд.

Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан  ҷиноятҳои фаромиллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дилхоҳ ташаббусҳои муфид ва самаранокро, ки ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва нашъамандӣ равона карда шудааст, дастгирӣ менамуд ва менамояд.

Ин мушкилиҳо ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти давлат қарор доранд. Оид ба тасмими Ҳукумати ҶТ ҷиҳати мубориза бо ин вабои аср борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тамоми сатҳҳо, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид хотиррасон карда шудааст. Ташаббусҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон аз ҷониби бисёр давлатҳои бонуфузи ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд. Хотиррасон менамоям, ки Тоҷикистон давлати истеҳсолкунандаи маводи нашъадор нест, вале бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ дар баробари Туркманистон ва Ӯзбекистон ба давлати транзитии ба ном “Масири шимолӣ” табдил ёфтааст.

Ҳодисаҳои фоҷеаоваре, ки тайи солҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои терористӣ-экстремистӣ ва гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноятпеша содир шуданд, аз як тараф гушрас намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба хатари терроризм бошад, аз тарафи дигар кирдорҳои мазкур водор намуданд, ки бо кадом зуҳурот робита доштани терроризмро андеша намоем. Яке аз робитаи хатарноктарини он, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории тероризми байналмиллалӣ аст.

Ҳоло ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муяссар нагаштааст, то вазъи глобалии маводи нашъаоварро ба самти беҳтар равона созад: дар солҳои 2000-ум маводи нашъаоварро 180 млн. нафар ё инки 3% аҳолии курраи замин истеъмол менамудаанд. Соли 2006 шумораи онҳо наздики 200 млн. нафар расид. Соли 2008, 250 млн. нафар ё ин ки 5,76% аҳолии курраи замин гирифтори нашъамандӣ гардиданд. Хариду фурӯши маводи нашъаовар мувофиқи маълумотҳои алоҳида ба 400-500 млрд. долл. ё ин ки 8-10% -и арзиши умумии гардиши моли тамоми дунёро ташкил медиҳад.

Яке аз механизмҳои муқовимат ё паст намудани вазъи нашъамандӣ ин ҳамкории байналмиллалии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ва созмонҳо мебошад. Дар доираи созишномаҳои байналмиллалии зиддимухаддиротӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба имзо расонидааст, як қатор созишномаҳо, протоколҳо ва ёддошти тафоҳуми дуҷониба ва бисёрҷониба қабул гардиданд.

Пас аз сарнагун шудани низоми “Толибон” дар Афғонистон, Тоҷикистон миёни давлатҳои хориҷӣ яке аз аввалинҳо шуда рушди ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар тавассути Агентӣ оғоз намуд. Бо ин мақсад 27 апрели соли 2005 дар ш.Кобул Созишнома миёни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ҶИА оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ба имзо расонида шуд. 

Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб равона намудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1994 то моҳи январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар 113 тоннаю 541 кг маводи нашъадор, аз ҷумла: афюн - 38 тоннаю 494 кг, героин - 33 тоннаю 800 кг, гурӯҳи бангдона - 39 тоннаю 954 кг ва 1 тоннаю 292 кг дигар намудҳои маводи нашъадор мусодира шудааст.

Мувофиқи таҳлилҳои омории Агентӣ дар давраи солҳои 2000 - 2015 ВКД ҶТ - 36 тон. 548 кг, Агентӣ - 15 тон. 718 кг, КДАМ ҶТ - 12 тон. 63 кг, СҚС КДАМ ҶТ - 10 тон. 312 кг ва ХГ-и назди Ҳукумати ҶТ - 1 тон. 575 кг маводи нашъадор мусодира намудаанд, ки ин миқдор метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд.

Мутаасифона, ба тамоми чораҳои қабулкардашуда нигоҳ накарда, ин мушкилот ҳоло ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ боқӣ мемонад. Бовуҷуди чунин ҳамкориҳои мубрам, вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи ташвишовар қарор дорад.

Бо ин мақсад дар Тоҷикистон як қатор чораҳои таъхирнопазир барои муътадил сохтани вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, пешгирии роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар, коҳиши сатҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо ва суиистеъмоли маводи нашъадор  қабул карда шудаанд.

Бо мақсади пешгирии болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва истифодаи ғайритиббии онҳо, зиёд шудани теъдоди гирифторон ба вируси норасоии масунияти одам, аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо Фармони Президенти ҶТ 13 феврали соли 2013 таҳти №1409 “Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуд. Қабули Стратегияи мазкур вобаста ба вуҷуд омадани таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама вобаста ба фаъол гардидани ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоқаманд мебошад. Стратегия барои ҳамкории созанда байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии шахсият, ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд. Мақсади асосии Стратегия коҳиши амалии паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии онҳо, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат  мебошад.

Тоҷикистон дар асоси таҳлили вазъи баамаломадаи мухаддиротӣ  дар минтақа, пешгӯии он, як қатор ташсаббусҳоро оид ба эътидол овардани вазъи мухадиротӣ дар минтақа, муттаҳид ва ҳамоҳанг намудани қувваю иқтидор, ки барои мубориза ба муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир дар минтақа равона гардидаанд,  пешниҳод намудааст.

Кишвари мо бешубҳа  ҷонибдори муътадил шудани вазъият дар кишвари ҳамсоя Афғонистон  мебошад, чунки агар масъалаи  назорати муомилоти маводи мухаддир дар ин кишвар мусбат ҳал гардад, натиҷаҳои он на танҳо ба вазъи мухадиротии Тоҷикистон, балки ба кишварҳои Авруосиё низ инъикос мегардад, яъне вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, асосан аз тамоюлу инкишофи вазъи мухадиротӣ дар  Афғонистон вобаста аст.

Муртазо ҲАЙДАРЗОДА, муовини Директори агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Бознашр аз маводи Конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg