БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат роҳнамо ба сӯи созандагиву бунёдкорист!

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ.  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

         Дар Паёмҳо ҳамасола самтҳои асосии рушди иқтисоду ҷомеаи Тоҷикистон барои соли оянда тарҳрезӣ мешаванд. Болотар аз ҳама, самтҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат муайян мегарданд. Албатта, Паём дар ҳақиқат баёнгари рушди бесобиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои осоиштагӣ аст. Ва махсусан дар риштаи илму маориф, ки имрӯз Президенти кишвар бисёр ба он таваҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, як силсила вазифаҳо гузошта шуд, ки онҳо барои рушди илми Тоҷикистон бисёр муҳиманд.

         Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми қишрҳои гуногуни мамлакат гарму ҷӯшон истиқбол менамоянд. Зеро ҳарсола Паёми Пешвои миллат, кулли мардумро ба фаъолияти созанда рӯҳбаланд гардонда назди ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузошта, ҷиҳати рушду нумуъи соҳаҳои мухталифи ҷомеа, зиндагии шоистаи мардум ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бо дарки баланди масъулият фаъолият намудан ҳидоят менамояд.

         Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳуҷҷати асосии Стратегии-тамоми ҷабҳаҳои ҷомеъаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равону бо пурраги мурратабу матраҳ сохта, ҳолати кунуни ва фардоро бо дарназардошти раванди амал ва ба вуқуъ пайвастшаваии бӯҳрони молиявии ҷаҳони ба аҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳони расонид.

         Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дигаргуниҳои зиёд, корҳои ободонӣ ба амал омаданд. Ноҳия хело рушд кард. Пеш аз ҳама буҷети ноҳия чандин маротиба зиёд гардида, музди меҳнат боло рафта, корхонаҳои хурди саноатӣ, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ-маданӣ сохта шуданд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд.

         Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми декабри соли 2017 ироа гардид, Пешвои миллат дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи кишвар ба соҳаҳои маорифу иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.

         Бояд қайд кард, ки дар партави паёми мазкур дар соҳаҳои иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пешравиҳои муайян ба назар расиданд. Кулли сохторҳои соҳа дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ташаккули фазои мусоиди маънавӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, тармиму таъмири босифат ёфта баҳри пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ даҳҳо биноҳои муҳим сохта шуда, таъмиру таҷдид гардида ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд,ки ҳамаи ин ба баланд гардидани вазъи таълиму тарбия, беҳбудии хизматрасонии тиббӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамоянд.

         Бо дарназардошти таъкидҳои Пешвои миллат дар паёмашон, ҷиҳати истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ вусъати тоза пайдо намуда, ҳамчунин, сохтумони 151 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда амалӣ гардида истодааст.

         Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ, аз мавзӯъҳои калидие ба шумор мераванд, ки дар ҳар Паёми Сарвари давлат мавқеи хос доранд.

         Дар низоми давлатдории муосири тоҷикон Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мачлиси Олӣ ҳамчун хуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва дороӣ афзалиятҳои давлатдории миллӣ шинохта шудааст.

         Аз ҳамин нуқтаи назар, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки моҳиятан дастури сабақомӯз ва ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон аст, мардуми шарафманди тоҷикро вориди боз як марҳалаи нави рушд хоҳад кард. Бешак, мо аз Паём то Паём шоҳиди дигаргуниҳои азими иктисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ ва шукуфоиҳои беназирем, ки дар маҷмӯъ ба раванди рушди бонизоми кишвар таъсири мусбат гузоштаанд. Сиёсати бобарори дохилӣ, роҳандозии робитаҳои мутавозини хориҷӣ, ки тарҳи аслии онҳо аз нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, сол ба сол нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg