ВОКУНИШ. Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд. Айни замон чун диданд чеҳраҳои манфурашон аз зери ниқоби дин берун шуд, як гуруҳ хоинони дигар ниқоби “озодандеш”-ро ба рӯ кашиданд ва анҷумане ҳам бо ин ном таъсис доданд. Вале ин ин ниқоб ҳам тарқиш пайдо карду симо ва мақсадҳои воқеии онҳо ошкор шуд. Ин падида на танҳо хоси Тоҷикистон балки хоси тамоми ҷаҳон аст ва ин чанд нафари бо ном “озодандеш” дар назди терроризми байналмиллалӣ ҳамагӣ ба шогирдӣ истодаанд ва пайваста мунтазири дастуру ишораҳоянд. Пас кистанд террористҳо ва мақсади ниҳоии онҳо аз ноором кардани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чист?
Имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ- Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд, ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳу ҳаракатҳои терророристӣ ва ифротӣ гардидаанд. Хусусан, зуҳури давлати исломии Ироқу Шом барои амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидҳои навро эҷод сохтааст.
Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мансуби ягон дин буда наметавонад ва рафтораш куллан зидди китобҳои осмонӣ аст.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Русия муҳоҷират доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд. Имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Гурӯҳҳои ифротгаро кӯшиш доранд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти бостонӣ пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Дар ёд дошта бошем, ки озодандешони воқеӣ мо ҷавонони содиқ ба Ватан ва сарсупурдагони Пешвои миллатамон ҳастем!
Самандари Раҷабалӣ-узви ТҶҶ "Созандагони Ватан"