БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АОТ – анҷумани бемағзону ҷоҳилон

ВОКУНИШ. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст омад, вале нигоҳ доштану ҳифз намудани он барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гарон афтод. Зеро дар он рӯзҳо гуруҳҳои мухталифи бадандеш, манфуру ҷоҳил ҳузур доштанду пойдории кишварро наехостанд. Хушбахтона, ин бадкешон натавонистанд ба он мақсадҳои нопоки худ бирасанд, чунки бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат пояҳои асосии ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) мустаҳкам гардид. Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри беҳтар гардонидани зиндагии мардум ба сомон мерасонад.

Бо назардошти ин пешравиҳое, ки дар тамоми минтақаҳои кишвари азизамон ба чашм мерасанд, баъзе курдилони миллат наметавонанд ин ҳама комёбиҳоро бубинанд. Дар расонаҳои марбут ба ТЭТ ҲНИТ ва дар фейсбук аз ташкил намудани як гуруҳи нав бо номи «Анҷумани озодандешон тоҷик», ки дар шаҳри Утриши Автрия таъсис ёфтааст, хабар шуд. Ин як таҳдиди душманони миллат барои амнияту давлату миллати мо мебошад. Аммо ин курдилон фаромӯш карданд, ки имрӯзҳо дар саросари кишварҳои дунё ин гуна ташкилоту анҷуманҳо, иттифоқу созмонҳои ифротӣ яке пайи дигар сари худро хурда истодаанд. Ба ин фикри хоми худ мехоҳанд ба мо ҳушдор диҳанд, ки аллакай душманони халқу Ватан қадаме ба пеш гузоштаанд, аммо ба сӯи нестии худ. Ҳамаи ин овозаву дасиса дигар таметавонад, чизи дигаре бошад. Чунки мехоҳанд боз давлатро сари ин аҷумани ифротии худ ҷалб намоянд, то ба бозиҳои сиёсӣ овора кунанд. Ростӣ кироӣ набуд барои як анҷумани бадандешон вақти худро сарф намоям. Вале мехоҳам он бадандешон хуб андеша кунанд ва шояд як зарра инсонгарӣ дар вуҷудашон монда бошаду тавба кунанд.

Баъзан таъсиси гуруҳу созмонҳои сиёсӣ ба фоидаи созмонҳои байналмиллалӣ ва мақомоти дахлдори мамлакатҳои аврупоӣ ва ҷаҳон рост меояд ва онҳо ин гуна созмонҳоро ба хотири расидан ба он нақшаҳои ифротии таҳрезӣ намудаи худ дастгирӣ мекунанд, ки гӯё Тоҷикистон як кишвари ноамн аст ва касе ҳуқуқи озод сухан карданро надошта бошад. Лекин бояд дар хотир дошт, ки ҳар он баднадеш на ин ки дар дохили кишвар, балки дар хориҷи кишвар низ хору залил ҳастанд ва хоҳанд буд. Чунки он бадбахтони миллат ба қадри давлат, миллат, модар, Ватану торомиву амнияти он нарасиданду ҳадафҳои палиди худро бо тариқи расонаҳо амалӣ намудан мехоҳанд.

Бояд қайд кард, ки ин анҷуман дар доираи он нафароне ташкил шудааст, ки на маърифат доранду на дониши сиёсӣ ва на фаҳмиши таҳлилкунӣ.

Ман бисёр афсус мехурам аз ин бечораҳои беватан, ки дар ғарибӣ ҷони сиёҳ мекананду миёни беҷони худро мешикананд. Ҳамаи пайравони ТЭТ ҲНИТ ва анҷумани бадкешон донанд, ки шумо танҳо ҳадафҳои нопоки роҳбарони газофи ин ташкилотҳои ифротиро амалӣ менамоед. Шумо гумроҳиро ба ҷои амну оромӣ харидед. Огоҳ бошед, ки аллакай мо мардуми осоиштаи тоҷик ҳадафу мақсадҳои нопоки шуморо ҳудуди ҳашт соли охир бо факту рақамаш дарк намудем. Ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки курдилони миллат амнияти давлату миллати моро халалдор кунанд. Имрӯз Тоҷикистони азиз фарзандони баномусу номбардор дорад, ки баҳри тамоми он созмону анҷуманҳои ифротӣ муборизаи беамон мебаранд, то решаи ононро баркананд.

Алиакбар ҲАЁТЗОДА, узви фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg