БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал аз хатарҳои ҷаҳони муосир огоҳи доранд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «И.Сомониён»-и кӯчаи Сомониёни шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Самадзода Саёҳат ва Х.Мирзоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои  пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуда, онҳоро барои тарбияи фарзандон, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба донишандӯзиву касбу ҳунарҳои мардумӣ ба хотири аз нав эҳё гардонидани ҳунраҳои аҷдодии худ тавсияҳо доданд.

Инчунин, ҷамомадагонро ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва риояи қатъии муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» огоҳ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg