БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муъминобод ба марҳилаи нави рушд ворид гардид

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22.12.2017 ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳимми сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.

Паёми ироагардида аз устуворона пешрафт кардани Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дод.

Яке аз ҳадафҳое, ки мардуми сарбаланди тоҷик зери роҳбарии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пеши худ гузошт, ин расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ буд, ки дар давоми аз Паём то Паём бо ба истифода додани чархаи (агрегати) аввалӣ Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ин ҳадафу ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ гардид, ки бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ва тули таърих баҳисоб меравад.

Дар зимн месазад қайд намоям, ки сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст дар ин росто ҳиссаи арзандаи худро дар самти боло бурдани маърифати ҷомеа вобаста ба оқилона ва сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва сари вақт пардохт кардани ҳаққи хизмати он боз ҳам тариқи бурдани тарғиботи фаъол саҳмгузор бошанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод, Мақомоти иҷроияи ноҳия, фаъолони ҳизби ноҳия низ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, дар тулии як сол дар самти амалисозии ҳар банди он дар ноҳия ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра дар ноҳия корҳои сохтмониву васлгарӣ дар ҳаҷми 15 миллиону 51 ҳазору 800 сомонӣ ё ин ки 109,4 фоиз ба анҷом расонида шудааст. Дар ҳамин давра аз ҷониби фаъолон, соҳибкорон ва аҳолӣ 25 адад иншоотҳои иҷтимоию хизматрасонии маишӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 4 миллиону 184 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуда дар 58 адад иншоотҳои дигар бо маблағгузории соҳибкорон ва буҷети ҷумҳуриявӣ корҳо идома доранд.

Инчунин доир ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-майи соли 2018, №АП-1059 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» бо мақсади анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳия Нақша-чорабинӣ бо Қарори Раиси ноҳия аз 21-июни соли 2018, №462 бо 238 банд тасдиқ гардида дар муҳлати 3-сол сохтумони 22 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази саломатӣ, 23 адад ҳамом, 18 адад сартарошхона, сохтумони 31 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 3 адад корхонаҳои коркарди шир, 1 адад корхонаи коркарди пашм, 2 адад корхонаи коркарди қуму шағал, сохтумони биноҳои маъмурии прокуратура, бахши бойгонӣ, таъмири роҳҳо, кашидани қубурҳои хатти оби нушокӣ ва иваз намудани симчубҳои муҳлаташон гузашта дар назар дошта шудааст. Айни замон дар 21-бандҳои Нақшаи чорабинии мазкур корҳо пурра иҷро гардида, дар 50 банди он корҳо амалӣ шудаистодаанд.

  Инчунин дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки дар давраи Аз Паём то Паём ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи он аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Ичроияи Марказӣ аз санаи 16-уми феврали соли ҷорӣ дастур дода шуд, ки то соли 2019 кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо бинои алоҳидаи ҳизбӣ таъмин карда шаванд. Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯмаку дастгириҳои Кумитаи Марказии Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Курбоналӣ, узви Кумитаи иҷроияи ноҳия, раиси ноҳияи Муъминобод муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур, дастгирии Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ муҳтарам Идиев Ҳ.С Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дорои бинои дуошёнаи худ гардид, ки дастоварди бузурге баҳри ҳизбиёни ноҳия дар давраи фаъолият арзёбӣ гардид.

Албатта ин дастовард бори дигар масъулияти кормандони ҳизбии ноҳияро дучанд намуда водорамон сохт, то самти кори худро дар роҳи тарғибу ташвиқ ва амалисозии ҳадафҳои барномавии ҳизби пешоҳанги ҷомеа дучанд намоем.

Ҳама дастовардҳое, ки имрӯз миллати куҳанбунёди тоҷик аз Паём то Паём ба даст овардааст аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Инчунин дар Паём зикр гардида буд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд» Дар ин росто чунин мешуморам, ки расидан ба ин ҳадаф бо роҳи пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, анҷоми корҳои созандагию ободонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба даст меояд, ки аз ҳар яки мо сабру таҳамул, иродаи мустаҳкам иттиҳоду срҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баландро тақозо менамояд. Бо назардошти ҳамаи ин тамоми хурду бузурги миллати куҳанбунёди тоҷикро зарур аст, ки дар амалӣ намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае, ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии аз ин ҳам шоиста гардем.

Мо ҳизбиёни ноҳияи Муъминобод тамоми ҳастии худро баҳри амалӣ намудани самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда дар амалӣ намудани он ҳиссаи арзандаи худро мегузорем.

С.Мирзобаротзода - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg