БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни манқурт ҳеҷ гоҳ озодандеш намешаванд!

ВОКУНИШ. Раванди давлатсозӣ бахусус дар шароити имрӯзаи бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки саропо аз бархурди манфиатҳо,  муборизаю талошҳо баҳри нигоҳ доштани истиқлолияти давлатию миллӣ  мебошад, аз ҳар шахси худогоҳу худшинос ва бахусус дорандаи нангу номус ва ғурури миллӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба имконияти дар ихтиёрдоштаи худ кореро барои миллату давлати хеш анҷом диҳад.

Аммо амалияи имрӯза нишон медиҳад, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ дар симои ашхоси алоҳида, маҳз зери шиори манфиатҳои миллӣ, демократиякунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мардумсолорӣ, қонунмеҳварӣ, ки ҳамагӣ барои ин шахсон аз як баҳонае барои расидан ба ҳадафҳои шуми хоҷагони хориҷиашон беш нестанд,  амал намуда, ба раванди давлатдории миллӣ, ки саропо дар асоси хостаҳои миллӣ бунёд ёфтаанд ва ҷаҳон онҳоро эътироф намудааст, халал ворид менамоянд.

Мутаассифона, мафҳумҳое амсоли демократияву ҳуқуқи инсон ва қонунмеҳварию мардумсолорӣ азбаски як ченаки муайян надоранду роҳ ба сӯи ин арзишҳо беохиранд, барои баъзе ашхоси бо ном «озодандеш» имкон додааст, ки беохир, ҳатто пешрафтатарин кишварҳоро барои таъмин накардани ин арзишҳо гунаҳкор намоянд. Ин гуна ашхосро дар айни замон дар муқобили дилхоҳ ҳукуматҳо дидан мумкин аст.

Ҷиддӣ ё ғайриҷиддӣ будани ин хатарҳо аз он вобаста нест, ки ин гуна ашхос то чи дараҷа фаҳму қобилият доранд, балки дар он аст, ки гуруҳҳо ва ё кишварҳои манфиатҷӯ ба хотири расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ то чи андоза ва аз рӯи чи сенария онҳоро истифода мебаранд. Баъзеашро на худашу на ақлу саводаш ва на дигар зарфияташ ба андозаи мӯе дар бадани чорпое беш арзиш надорад. Аммо мутаасифона, истифодаи онҳо аз ҷониби кишвар ва ё гуруҳҳои алоҳида ба паразите табдил медиҳанд, ки ҷомеаро ором намегузорад.

Аз воситаҳои ахбори омма хондам, ки дар хориҷи кишвар иттиҳоде бо номи Иттиҳоди озодандешони тоҷик ба вуҷуд омадааст. Тавре аз баёнияи ин гуруҳ дарёфтам, ин иттиҳод дар асоси тавофуқе, ки миёни эшон соли 2015 ҳосил гардида буд, роҳандозӣ гардидааст. Аз тавофуқ то таъсис чи вақте гузаштааст - қариб се сол. Чаро ин ҳама вақт таъсис наёфтаанд, ки акнун таъсис ёфтаанд? Гумони ғолиб ин аст, ки натавонистанд бо ин ҳама рекламаю эъломдории сесоли қаблӣ таваҷҷуҳи хоҷагони худро ҷалб созанд. Ё ин, ки ҷалб сохтанду, хоҷагон дар симои онҳо шахсони ҷиддиро дарёфта натавонистанд. Яъне лозиму зарур нашумурданд, ки онҳоро истифода баранд! Яъне ин гуна иттиҳоду гуруҳсозӣ эъломи таъсиси ширкати хизматрасониеро ба хотир меорад, ки чандин вақт пушти дарҳояшон, ҳарчанд дар Тоҷикистон бошанд, ҳам навиштаҷоти «Мы открылись»-ро меовезанд. Айнан ин иттиҳод ба ҳамин монан шуд. Ҳарчанд, ки соли 2015 аз таъсиси худ, аниқтараш аз мақсади бо ҳам омадани худ эълом доштанд ва ҳаминро кифоят мешумурданд, ҳеҷ фармоишгаре пайдо накарданд. Вақт инро исбот кард. Зеро аксари аъзои ин ниҳод шахсиятҳое нестанд, ки онҳоро ҷиддӣ гирифт.

Акнун қадами навбатӣ. Иттиҳоди озодандешони тоҷикро эълон медорем. Шояд ин навбат бахт барояшон бихандад ва фармоишгареро низ пайдо кунанд. Зеро, ки зери мафҳуми озодандешӣ, ки реша бар демократия дорад, бисёр корҳоро кардану, хоҷагонро розӣ кунондану, анча маблағи бо хиёнат олуда низ кор кардан мумкин аст. Бахусус маҳз тавассути ҳамин гуна «озодандешон» дар тафаккури мо ҳамин гуна фаҳмиш ҷой шуда истодааст, ки озодандеш будан маънои зидди давлату ҳукумат буданро дорад. Ҳарчанд, ки чунин набояд бошад. Аммо афсус Сайидюнусу дигар ҳаммаслаконаш зери мафҳуми озодандешӣ маҳз ҳамин чизро мефаҳманду, тавонистанд инро дар майнаи дигар ҳаммаслаконашон ҷой диҳанд. Айнан ҳамин хел фаҳмишро дар зеҳни мардум бо шарофати бадгӯиҳояшон бар зидди миллат ҷо кардаанд, ки  бо баробари шунидани ин калима, яъне "озодандеш" пеши назари мардум як бадгӯи бадсиришт ҷилвагар мешавад.

Айнан тавре, ки бо баробари фароҳам омадани шароит дар Тоҷикистони навакак соҳибистиқлолгашта, ҳамин гуруҳ ва хоҷагони хориҷиашон бо баҳонаҳои озодию озодандешӣ, бозсозию демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ва баргашт ба асли худвазъиятеро ба вуҷуд оварданд, ки захмҳояш то ҳол тани миллатро ранҷур нигоҳ медорад.

Тавре дар баёнияи ин АОТ гуфта мешавад, ин ниҳод барои тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ таъсис ёфтааст. Агар барои тоҷикистониёну тоҷикони бурунмарзӣ бошад, пас чаро аъзои АОТ кӯшиш бо харҷ додаанд, ки ин ҳама калимоти дар фарҳанги муоширати мо тоҷикон набударо бо иштиёқи том истифода намоянд? Ман аминам, ки нафақат мардуми тоҷик ё тоҷикистонї, балки аксари аъзои АОТ, бахусус Алим Шерзамонов, ки зодаи Бадахшон аст, худаш аксари ин калимаҳоро намефаҳмад. Ё накунад, мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанги мо, ки дар сар ҳавои таъсиси Эрони бузургро мепарваранд, диданд, ки бо роҳи наҳзат кардан дар исломи тоҷикистониёни ҳазорҳолаҳо исломӣ нашуд, аз роҳи «демукросӣ» мехоҳанд ба ҳадафашон наздик шаванд. Агар ҳамин аст, биёед рафиқон аввал демукросиро дар ватани худатон пиёда созед, баъд ин фикрҳоро кунед. Зеро демократияи мо аз демукросии шумо беҳтарасту афзалтар!

Дар қисми дебочаи баёния омадааст, ки «Мо, ҷамъе аз фаъолони тоҷик, бо дарки бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва фасоди густардаи идорӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ, ки бар фазои ҷомеаи мо соя афканда ва боиси эҷоди хушунат ва бадбинӣ дар тамоми сатҳҳо гардида, якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлоли давлатдории Тоҷикистон ва саботи минтақаро таҳдид мекунад…». Ин ҷанобон кадом буҳрони амиқи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиро дар назар дошта бошанд? Ҳамон иқтисоду иҷтимоъ ва сиёсатеро, ки маҳз бо касофати худи онҳо ва ҳаммаслаконашон дар натиҷаи иғвою дасисаҳои эҷоднамудаашон солҳои навадум иқтисод аз сифр ҳам поин рафту, иҷтимоъ дар ҳоли табоҳ ва аз сиёсат (дар назар дорам ҳокимияти халқ) чизе намонд?! Дар хотир доред, ки маҳз бо талошҳои давлату ҳукумати кишвар на фақат иқтисоди миллӣ ба вуҷуд оварда шуд, балкӣ онро дар сатҳи рушди устувор ва афзоиши беш аз ҳафтфоизи солона рушд медиҳад, ҳамасола 60-70 фисади маҷмуи буҷаро ба соҳаи иҷтимоиёт сафарбар намуда, тамоми нерӯҳои солими сиёсиро дар хизмати ҳокимияти халқ қарор додааст. Накунад шумо, бахусус Саидюнуси хоини гумоштаи эрониён худро омили наҷоти миллат аз «буҳронҳо»-и гуфтаи АОТ донад? Биёед гул задани ин миллатро бас кунед! Ин миллат дигар ба ҳадде нест, ки дӯсту душманро нашиносад.

Ё чизи боз ҳам аҷоибтараш ин аст, ки ин гурӯҳи бо ном «озодандеш» дар пайи татбиқи хадафҳои хоҷагонанашон фарохтар аз фаҳмиши худ рафта,  ба гуфти худашон мехостаанд, ки хатарҳои мавҷударо, ки ба якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлоли давлатдории Тоҷикистон ва саботи минтақа таҳдид мекардааст, наҷот диҳанд. Эй беандешаҳо, магар хамин шумою шумобаринҳо ва хоҷагони хориҷиатон набудед, ки чанд сол қабл нафақат истиқлолияти давлатдориро дар хатар гузоштеду, суботи минтақаро ба ҳам задед, балки миллат қариб буд, ки аз байн равад. Боз бо кадом ақлу фаросататон мехоҳед аз ин арзишҳо даҳон кушоед? Хиҷолат намекашед?!

Гумони ғолиб ин аст, ки шумо озодандеш нестед, балки нафақат дар андеша, балки дар рафтору гуфтор ва кирдоратон ғуломед, ғуломи нафс, ғуломи хоҷагони хориҷиатон. Аз тарзи гуфтору навиштатон баръало маълум аст, ки шумо манфиатҳои миллиро намешиносед ва шинохта ҳам наметавонед. Шумо озодандеш нестед, балки ҳамагӣ як дастур ё супоришеро иҷро мекунед, ки ба шумо хоҷагонатон мефармояд. Агар озодандеш бошед пас озоду озодандешро иттиҳод чаро? Вазифаи хонагии шумо манқуртон пиёда сохтани ҳадафҳои хоҷагоне ҳаст, ки шуморо мехӯронанд. Ҳадафи шумо дар бозори хизматрасонии хиёнат харидор пайдо кардану аз ҳисоби бадгӯӣ ба миллату давлатдории миллӣ чархи зиндагии худро чархондан асту халос. Барои худро тоҷику тоҷикистони гуфтан нангу номуси миллӣ мебояд, ғури миллӣ мебояд, ҳисси ифтихори миллӣ ва иттифоқу ягонагӣ мебояд, ки шумо ҳамчун паразит дар ҷисми ранҷури ин миллат аз ин неъматҳо бенасибед!!!

Камолиддин РАҲИМОВ, нафақахӯр аз ноҳияи Вахш.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg