БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешрафту тараққиёти Ватан ва зиндагии пурсаодати мардум ҳадафи асосии ҲХДТ аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он  масъулин Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба кор даровардани чархаи якуми НОБ-и Роғун ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ, ки барои ҳалли мушкилоти  маҳали зист, анҷом корҳои хайру сахо нигаронида шудааст,  давъат ба амал оварданд.  

Дар вохӯрӣ сокинони маҳал бо руҳи идона иштирок намуда, шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg