ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии тухмипарварии ноҳияи Панҷ бо аъзо ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ оид ба баррасӣ намудани муҳтавои асосии китоби Одобномаи корманди ҳизбӣ баргузор гардид.
Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи зимни суханронӣ қайд намуд, ки Одобномаи корманди ҳизбӣ маҷмӯи қоидаҳои рафтори кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро муайян карда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқӣ, касбӣ ва сиёсӣ мебошад. Яке аз принсипҳое, ки хар як корманди ҳизб дар фаъолияти сиёсии худ онро ба роҳбарӣ гирад, ин садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , инчунин вазифаи муқаддас донистани ҳифзи Ватан, хизмати содиқона ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Баъдан Шомаҳмадзода Музафар – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон» андешаронӣ намуд. Дар рафти суханронии хеш иброз дошт, ки ин ду санади муҳим тақозои замон буда, он барои беҳбуд бахшидан ва ба танзим даровардани шароити зиндагонии сокинони кишвар нигаронида шудааст.