БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат яке аз самтҳои аафзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад

А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Азизов Собиров»-и кӯчаи ба номи Азизов Собири ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ атрофи Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи паҳлӯҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар сухонронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба масъулини мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз он ҷумла аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ изҳор доштанд, ки Паёми Сарвари дав лат ҳуҷҷати саримизии ҳар яки мосту татбиқи он, зиндагии шоистаи мардум буда, ояндаи зиндагиамон аз он маншаъ мегирад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg