БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

10 Декабр 2018

Ҳадафи мо тақвият бахшидани савияи дониши сиёсии ҳизбиён аст

ПАНҶ.  Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2-и ноҳия таҳти унвони «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» курси бозомӯзӣ баргузор гардид.

ҲХДТ-таблиғгари таърихи гузаштаву муосир

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Танобчии болои  ҷамоати деҳоти Танобчӣ  вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳа  оид ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

ҲХДТ сарпарасти маънавии НОБ-и Роғун

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Фаъолияти пурбаракати ҲХДТ дар таърихи давлатдории мо самараи нек овард

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Нусратшо Мӯсоеви ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон оид ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Соли тақвияти робита бо маҳал ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи шабакаҳои барқи ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода иштирок намуданд.

Хоинони ватанфурӯш ба ояндаи дур назари нек надоранд

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин дар деҳаи Пистамазор   доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ карданд.

ҲХДТ маромаш хизмат ба халқу Ватан аст!

ҲАМАДОНӢ. Дар маҳаллаи ба номи Маъруфхуҷа Баҳодурови ҷамоати шаҳраки Москва чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки муовини раиси ноҳия Санифа  Тағаймуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ва шоири шинохтаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ баргузор гардид.

ҲХДТ: Камолоти зеҳнии наврасон кафолати фардои шукуфон

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №5" хониши сиёсӣ доир  ба 24-умин солгардии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Иқдомҳои созандаи ҲХДТ идома доранд!

КУШОНИЁН.  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  ва 24-умин солгарди таъсисиёбии  ҲХДТ  дар деҳаҳаҳои Чорбоғ ва Крупскаяи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён чорабинии сиёсиву фарҳангӣ доир гашт.

Осудагии рӯзгори сокинон мақсади асосии ҲХДТ аст

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Саричашма» хониши сиёсӣ вобаста ба  24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ва самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир намуданд.

Мароми ҲХДТ шукуфоиву сарсабзии Ватан аст

КУШОНИЁН. Бахшида ба истиқболи ҷашни фархундаи 24 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳо,  корхонаву ташкилот,  мактабу бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Кушониён  корҳои созандагиву ободонӣ  бо ҷалби  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  баргузор гашта истодааст.

ҲХДТ ба омӯзиши ҳунар ва ҳунармандон мусоидат мекунад!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади амалигардонии нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Идибеков Шоҳиншо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ҲХДТ – муҳофизи арзишҳои милливу фарҳангии кишвар

КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён   дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии   деҳаи “8 – Март” - и ҷамоати деҳоти Заргар  бо занони деҳа вохӯрии судманд  доир намуданд.

ҲХДТ-мақсаду маромаш корҳои маърифатию тарбиявӣ

КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «А. Алӣ»  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

ҲХДТ-ҳадафи мо эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд

ЁВОН.  Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бинои маъмурии ҶСП “Мурғи беҳамто”-и ноҳияи Ёвон бо иштироки аҳли заҳмати фермаи мурғпарварӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя ҳал мекунем!” дар шукуфоии Ватан саҳми арзанда гузошта истодааст

ДӮСТӢ. Таҳти роҳбарии и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов дар якҷоягӣ бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор  карда шуд, ки дар  он  масъулин дар корҳои ободонӣ   фаъолона иштирок намуданд.

ҲХДТ – ҳизби дорои мавқеи устувор ва обрӯи баланд

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти ба номи “Исмат Шарифов” хониши сиёсӣ оид ба 24 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  баргузор гардид.

Пешрафту тараққиёти Ватан дар меҳвари барномаи ҲХДТ

ДӮСТӢ. Рафти қабули аъзои ҲХДТ дар соҳаи  маориф  дар байни омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ бомаром идома дорад.

ҲХДТ-ҳизби пешбаранда ва нерӯи муттаҳидсози ҷомеа

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Лолазор”  хониши сиёсӣ оид ба  Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Маъюбон низ дар маркази диққати ӼХДТ қарор доранд!

ВОСЕЪ. Бахшида ба 24- солагии таъсисёбии Ӽизби Халқии Демократии Тоӌикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал  мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ ба кȳдакони имконияташон маӽдуди Маркази Ситора ва ба як оилаи ниёзманде, ки кȳдакони маъюбу гирифтори бемории саратон мебошанд, бо ӌалби аъзои фаъоли ӽизб ва соӽибкорони ноӽия кȳмаки моддӣ расонида шуд.

ҲХДТ дар таҳкими сулҳу субот нақши созанда дорад

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Баҳодур-С» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

ҲХДТ –таблиғгари бунёдкориву созандагӣ дар кишвар

БАЛҶУВОН. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Марказӣ байналмилалии тавонбахшӣ”-и ҷамоати деҳоти  Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ баргузор карда шуд.

Коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи обёрии мошини”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

БАРНОМАИ КОНСЕРТИИ КАБИРӢ ВА “ҲУНАРНАМОӢ”-И АНСАМБЛИ РАҚСИИ Ӯ НАҲЗАТИЁНИ ШАРМАНДАРО ДИГАРБОРА ШАРМАНДА КАРД!

ВОКУНИШ. Ҳанӯз аз солҳои навадум мардуми Тоҷикистон эҳсос кард, ки ТТЭ ҲНИ мақсаду нияти хоинона дорад ва нисбати давлату ҳукумати кишвар хушбин нест. Аммо ба онҳо имконият дода шуд, ки ислоҳ шаванд. Вале ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 нишон дод, ки наҳзатиёни террорист ҳеҷ аз роҳи бади худ гаштанӣ нестанд.

Наҳзатиён дар Олмон аз ДИИШ дифоъ карданианд!

ВОКУНИШ. Муносибатҳои дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба зуҳуроти тероризму экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg