БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиёни ноҳияи Кушониён дар татбиқи амалии Паёми Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштанд

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар самти тарғиб ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 корҳои муайянеро ба иҷро расонид.

         Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи фаъолияти кории тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва мақомоту сохторҳои давлатӣ ироа мегардад. Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Паём дигаргуниҳои куллӣ ва самарабахшро ба вуҷуд меорад.

         Бо ин мақсад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Паём соли 2018 барои ҳизбиён аз ҷониби Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Соли тақвияти робита бо маҳал” эълон гардид. Дар доираи ин иқдом ҳамарӯза дар деҳаву маҳаллаҳо оид ба эълон шудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва аҳамияти ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ чорабиниҳо ва вохӯриву суҳбатҳо баргузор карда шуданд.

          Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён     ҷиҳати амалӣ сохтани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, яъне тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ба Парлумони кишвар сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвари мо мамнуъ, пешгирӣ аз таассуби динӣ ва бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, огоҳ кардани ҷомеа аз хатарҳои истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ, фаҳмондани зарару оқибатҳои даҳшатбори нашъамандӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ, ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ва кишоварзӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.

         Тибки банди 4-и нақшаи ҷорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва банди 3-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исмоили Сомонӣ, Бохтариён, Бӯстонқалъа, Меҳнатобод, Навбаҳор, Оирён, Заргар, ва Сарвати истиқлол 406 вохӯриву мулоқот баргузор карда шуданд, ки дар он дастранҷи ҳунарҳои мардумии маҳал муаррифӣ ва дар сатҳи баланд ба намоиш гузошта шуда, тариқи ВАО тарғибу ташвиқ карда шуданд.

         Зимни баргузории ин чорабиниҳо вакилони Маҷлиси вакилони ноҳиявӣ вобаста аз маҳалли интихобгардидаашон фаъолона иштирок карда, дар самти амалӣ намудани дастуру супоришҳои Паём корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 16 феврали соли 2018 таъкид намуданд, ки ташкилотҳои ҳизбии моро лозим аст, ки барои шарҳу тавзеҳ ва татбиқ кардани нуктаҳои Паёми Президент ва иҷрои дастуру супоришҳо ба таври самарабахш фаъолият намоянд.

         Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2018 дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа Меҳмонхонаи “Сайёҳ” сохта ба истифода дода шуд. Дар назди Меҳмонхона майдончаи варзишии футболи хурд амал мекунад, сайёҳон метавонанд аз он истифода намоянд. Меҳмонхонаи “Сайёҳ” аз 24 адад ҳуҷра, 8 ададаш люкс боқимондааш одӣ буда, дар як вақт ба 48 нафар хизмат расонида метавонад. Аз рӯи фармоиш хӯрокҳои гуногуни болаззат омода карда мешаванд, сифати хӯрок ва хизматрасонӣ хеле хуб аст.

         Санаи 16 майи соли равон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади кушодани Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ Маркази омӯзишии ҳунар таъсис дода шуд.

         Ба Маркази омӯзишӣ 16 адад мошинаҳои дарздӯзӣ бо мақсади фароҳам овардани ҷойи корӣ ва дастгирии занону духтарон аз тарафи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Чумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Юэ Бин тақдим карда шуд.

         Ин Марказ бо роҳбарии Тозагул Самадова дар ду самт ташаккули шахсияти занони ҳунарманди хонашин ва омӯзиши дӯзандагӣ амал мекунад, ки аллакай 50 нафар онро хатм намуданд, ки онҳо то имрӯз барои 500 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия либоси мактабӣ дӯхтанд.

         Таҷлили идҳои умумимилливу умумиҷумҳуриявӣ ва ҷашнҳое, ки барои халқи мо аҳамияти бузурги таърихӣ доранд, омилҳое ҳастанд, ки метавонанд дар шуури шаҳрвандон эҳсоси умумияти таърихӣ, ватанпарастӣ, заҳмати ҳалол тақвият бахшида, ба густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат намоянд. Ин аст, ки соли равон ҷашнҳои Наврӯз, 21-солагии Ваҳдати миллӣ, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 16 ноябр ба истифода додани чархаи аввали НБО-и “Роғун” ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана қайд намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои зикршуда фаъолона саҳм гузошта шуданд, ки оиди таҷлили ин ҷашнҳо 32 чорабиниву мулоқот баргузор карда шуданд, ки дар он зиёда 12500 нафар қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.

         Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дастовардҳои шоёни соҳаи маориф арзёбӣ гардида, барои дар оянда боз ҳам ривоҷу равнақ бахшидан ба ин соҳа дастуру ҳидоятҳои нек ироа гардид. Тибқи банди 33-и нақшаи ҷорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон савияи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баланд гардида, соли равон хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 16 медали тилло, 14 медали нуқра, 47 медали биринҷӣ ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гаштанд. Барои беҳтар гардидани шароити донишандӯзии хонандагон айни ҳол дар назди муассисаҳои таълимӣ сохтмони 49 синфхона бо 1225 ҷойи нишаст идома дошта қисман ба истифода дода шудаанд.

         То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 23-и нақшаи ҷорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 36 деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар маҷмуъ сохтмони 82 адад корхонаҳо ва коргоҳҳои хурду калони саноатӣ, биною иншоотҳои хизматию маишӣ ба нақша гирифта шуда, қисман ба истифода дода шудаанд.

         Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани ҳашар рӯзҳои шанбеи ҳар моҳ корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодаанд. Дар шанбегиҳои умумӣ иштирокдорон шуруъ аз ҷойҳои таърихӣ то шоҳроҳи маркази ноҳия ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тозаю озода карда, дарахтони аз афзоиш мондаро барканор намуда, ба ҷойи онҳо дарахтҳои ороишию сояафкан шинонида, дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Дар мавсими корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ соли равон 34 ҳазору 240 бех дарахт шинонида шуд, ки аз ин 23 ҳазору 950 бех сояафкан, 1ҳазору 600 бех ороишӣ ва 5 ҳазору 690 бех дарахтони ҳамешасабз мебошанд.

Ҳамзамон, дар маркази ноҳияи Кӯшониён шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳрак зиёда аз 10 ҳазор бех гулҳои садбарги ҳарранга шинонида шуданд.

Дар ноҳия ташкили корҳои ободонӣ вусъати тоза касб намуда кулли аъзои ҲХДТ дар баргузории Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” фаъолона иштирок намуда, дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён роҳи байни шуъбаҳои 2 ва 3 -ро ба масофаи 1 киллометр ва роҳи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод низ масофаи 1 киллометрро асфалтпӯш ва 0,5 киллометрро сангфарш намуданд, ки ин иқдомҳои нек идома доранд. Инчунин, дар ҳамин деҳаи Гулистон ба масофаи 1 киллометр роҳи марказӣ чароғон карда шудааст.

 Тибки банди 34-и нақшаи ҷорабиниҳои Паёми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва банди 25-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Аксияи «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ! » баргузор гардида, ба кӯдакони ятим либос ҳамчун кӯмаки яквақтаина расонида шуда, бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуданд.

        Инчунин, бо мақсади дастгирию кӯмак аз оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави хониш, ҳамчунин таҷлили сазовори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксия таҳти унвони “Мактаб даргоҳи маърифат”- ро доир намуда, ба 26 нафар ниёзмандон лавозимоти хониш ва пойафзол тақдим намуд.

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ҳамасола Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда, саҳми худро мегузорад.

          М. Сатторова – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg